Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар асари тасодуф шаш мусаллаҳ кушта шуданд


Дар Покистон бар асари инфиҷори норинҷак дар мошин шаш мусаллаҳ кушта ва чанд нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳодиса дар шимолу ғарби кишвар, дар наздикиҳои марз бо Афғонистон рух дод. Тахмин зада мешавад, ки яке аз мусаллаҳон тасодуфан норинҷакро афтод ва он инфиҷор кард.
Афроди мусаллаҳи пуштибон аз ҷунбиши "Толибон" аз манотиқи шимолу ғарби Покистон пайваста ба Афғонистон, аз ҷумла, ба пойгоҳҳои низомиёни неруҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО дар ин кишвар ҳамла мекунанд.

XS
SM
MD
LG