Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқидҳои нав ба унвони Эрон

Муҳаммад Ал-Барадеъӣ, раиси Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ.
Муҳаммад Ал-Барадеъӣ, раиси Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ.

Дар вокуниш ба гузориши нави бозрасони ҳастаӣ Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, Эрон дар тафсири фаъолиятҳои ҳастаии худ бо "чашмбандӣ" машғул аст.

Cафири Иёлоти Муттаҳида дар Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, Грегорӣ Шулт мегӯяд, гузориши нави бунгоҳ марбут ба фаъолиятҳои ҳастаии Эрон бо тамоми ҷузъиёт нишон медиҳад, ки чӣ қадар Теҳрон ба шарҳи зиёди масъала ниёз дорад ва чӣ қадар кам аст иттилоъе ки он дар миён мегузорад.

Изҳороти Шулт дар пайванд бо гузорише садо дод, ки Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ рӯзи душанбе дар Вена мунташир кард. Дар он гуфта мешавад, Эрон иттилоъи марбут ба чанд соҳаи пажӯҳишҳои ҳастаияшро пинҳон медорад. Аз ҷумла махфӣ доштани маълумот дар бораи озмоиши маводи пешрафтаи мунфаҷира ва муҳаррики мушакии бозгашт мояи "нигарониҳои ҷиддӣ" унвон шудаанд. Тибқи гузориш, дар ин риштаҳо, ки метавонанд, корбурди таслиҳотӣ низ дошта бошанд, аз Эрон иттилоъи бештар хоста мешавад.

Гузориши нав бо дастури раҳбари Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, Муҳаммад Ал Барадеъӣ омода шуда, талоши наве буд, ба ҳалли дипломатии бӯҳрони миёни Эрон ва қудратҳои Ғарб, ки Теҳронро дар таҳияи силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд.

Сафири Амрико Шулт мегӯяд, гузориш иддаъои Эронро, ки ҳамаи пурсишҳои марбут ба барномаи ҳастаияшро посух гуфтааст, мустақиман рад мекунад. Вай меафзояд, Эрон ҳамзамон бо ин ки мехоҳад, чашми бозрасони ҳастаиро бандад, бархилофи Қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал ба ғанисозии урониум машғул аст.

Ғанигардонии урониум бахши калидии нигарониҳои Ғарб аз дастёфти Эрон ба силоҳи ҳастаист. Бунгоҳи байнулмилалӣ қаблан гуфта буд, ки Эрон дар пойгоҳи Натанз 3500 чархаи ғанисозии урониум дорад. Ва пештар гуфта мешуд, ин чарха ё сентрифугҳо ба фанноварии солҳои 70-уми садаи гузашта дахл доранд. Аммо Теҳрон гуфтааст, ба зудӣ шумораи чархаҳоро ба шаш ҳазор адад мерасонад ва иттилоъе нашр шудааст, ки ин чархаҳо пешрафтатар мебошанд. Ба гуфтаи раҳбари Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, Муҳаммад Ал Барадеъӣ, норӯшаниҳо аз он ҷо сар задаанд, ки Теҳрон ба бозрасони ҳастаӣ имкон надод, аз иншооти атомии ин кишвар дидан кунад ва дархости бунгоҳ аз моҳи апрели соли равон бепосух монд.

Сафири Эрон дар Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, Алиасғари Султония мегӯяд, кишвараш дар ҷавоб ба дархостҳои бунгоҳ дар ҳаҷми 200 сафҳа ҳамаи маълумотро пешниҳод кард ва гузориши нави бунгоҳ исботи сулҳомезии барномаи ҳастаии кишвараш аст. Вай гуфт, гузориш бо таъкид нишон медиҳад, ки ҳеҷ далели самти низомӣ гирифтани барномаи Эрон мавҷуд нест. Султония изофа кард, ки кишвараш ғанисозии урониумро идома хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG