Дар ин гузориш, ки дирӯз интишор гашта, дар бораи терроризми саросарӣ мебошад, аз ҷумла, таъкид шудааст, ки Эрон барои идомаи кумакаш ба “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон, гурӯҳи шибҳинизомии «Ҳамос»-и Фаластин ва таъмини ҷангиёни шиъимазҳаби Ироқ бо силоҳ ва тамрини онҳо дар феҳрасти, кишварҳои сармоягузори терроризм ҷои аввалро ишғол мекунад.
Дар гузориш ҳамчунин Сурия, Кореяи шимолӣ, Куба ва Судон ҳамчун кишварҳои ҳомии терроризм зикр шудаанд. Тибқи иттилоъи вазорати хориҷаи ИМА бо сабаби дубора тавсиъаёбии фаъъолияти ифротгароён дар Афғонистону Покистон миёни солҳои 2006 ва 2007 шумораи ҳамалоти террористӣ дар Афғонистон то 16 % афзудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки шумораи чунин ҳамалот дар Ироқ дар айни замон коҳиш ёфтааст.
Муаллифони гузориш навиштаанд, ки феълан шабакаи “Ал-Қоъида” ва гурӯҳҳои марбут ба он ҳамоно чун бузургтарин хатари террористӣ барои амнияти ИМА ва муттаҳидонаш боқӣ мемонад. Вале мақомоти Ироқ дар ҳамин ҳол изҳори умедворӣ мекунанд, ки аз тариқи ифшои мадракҳои ба тозагӣ ошкоршуда Эронро водор созанд аз тамрини шибҳинизомиёни шиъӣ ва таъмини онҳо бо аслиҳа даст кашад.
Як мақоми баландрутба дар ҳукумати Ироқ, ки номаш зикр намешавад, иттилоъ додааст ҳоло маълум нест, ки оё ҷониби эронӣ ба мулоқот ризоят додаст ё хайр, аммо бо вуҷуди ин Бағдод мехоҳад Теҳронро огоҳ созад, ки Эрон бояд ба ин гуна кумакҳо хотима диҳад.
Ҳарчанд ИМА борҳо эълом кардааст, ки сипоҳи “Посдорони инқилоби исломии Эрон” ба ҷангиёни шиъии ироқӣ кумак расонда, ба умури он дахолат мекунад, дирӯз вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс эълом дошт, ки, аслан, бо ин иттиҳомот Амрико барои анҷоми ҳамлаи низомӣ ба Эрон заминасозӣ карданӣ нест.
Вай дар як суҳбаташ дар Маркази исломии Тоҷикистон дар соли 2014 итоат аз сарварон, бахусус "итоат ба подшоҳ"-ро воҷиб донист. "Амри итоат намудан ба подшоҳ... дар чандин аҳодис зикр гардидааст. Мухтарам домулло нагуфт, ки кадом тоифа подшохон. Ба подшохи золим, берахм ва бедодгар бошад умуман итоат кардан гунох аст.
Кучо шиори "Милиса-хомии ман". Бовар кунед як гурух милисахо барои манфиати худ на ба Ватан, на Президент на вазир ва на хамон либоси низомиро хурмат мекунан. Хайф аз ин гурух хомиёни мардум. Мухтарам вазир хохиш худат халли ин масъаларо дида бароед.
Озоди ба Иззат Амон Озоди ба Иззат Амон Озоди ба Иззат Амон!!!! Истеъфо хукумати худкомаи рахмонуф!!!бас кун бухтону тухматота эй хукумати золим!!!
Вақте пешво ёгӯем сардори ҳукумати аз халқ дуршуда мегӯяд тоҷирон боинсоф бошед бояд аввал худашу авлодашро ба боинсофи даъват кунад. Ҳама ҷабру ситаму бедодии ба сари мардум омада аз дасти онҳост. Агар ҳукумат ақлашро кор фамояд як сохтори муфтху дар Тоҷикистонро ки "Тоҷикматлубот " ном дорад ё кор фармоя ё нест кунад. Чунки ба вазъи бозорҳо ҳамин ташкилот бояд таъсиррасон бошад. Гапи ҳукуматдорони мо махсусан сарони давлат барои рекламаи бепули худашон аст. Ҳеҷ гоҳ он аз тарафи касе пайгирӣ ҳам намешаваду иқро ҳам намегардад. Ҳами хел не мансабдорони бепарво!
хубш ки балора Худо аз сари мардми Точик бардошта шава ОМИН ....