Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ дахолати Эронро дар умури худ такзиб кард


Нурӣ ал-Моликӣ, сарвазири Ироқ
Нурӣ ал-Моликӣ, сарвазири Ироқ

Нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ ҷиҳати таъсиси кумитаи вижае дастур додааст, ки он шавоҳиди “дахолатҳои Эрон дар Ироқ”-ро гирдоварӣ кунад.

Алӣ ад-Даббоғ, сухангӯи ҳукумати Ироқ, эълом кард, ки шавоҳиди гирдоваришуда аз тарафи гурӯҳи вазоратҳои амният дар ихтиёри мақомоти расмии Эрон гузошта хоҳад шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки давлати Ироқ ҳаргуна дахолати Эрон ба умури дохилаи ин кишварро рад мекунад. Алӣ ад-Даббоғ дирӯз изҳор намуд, ки ҳарчанд Ироқ дар гузашта дахолатҳои Эронро дидааст, аммо дар айни ҳол шоҳиди нақши мусбат аз тарафи Эрон ҳам будааст. Ба ин суол ҷавоби ниҳоиро гурӯҳи ҳукуматӣ хоҳад дод, ки ба таҳқиқи далелҳои дахолатҳои Эрон мепардозад. Аммо ин гурӯҳ то куҷо алоқаманд аст, то ин далелҳо гирдоварӣ ва таҳқиқ шаванд?
Мустафо Аланӣ, раҳбари идораи пажӯҳиши амният ва терроризм дар Маркази таҳқиқотии Дубайи АМА, шубҳа дорад: “Ин гурӯҳ бинобар як сабаби одӣ ҳеҷ натиҷае нахоҳад дод, зеро ҳизби ҳукмрони Ироқ ба кумакҳое, ки аз Эрон мегиранд, даст дорад. Ва, ман фикр намекунам, ки онҳо омода бошад, ки бо додани ингуна иттилоъот худро низ ошкор кунанд. Ба гуфтаи Мустафо Аланӣ, шавоҳиди воқеъӣ дар дасти мусаллаҳони шиъимазҳаб аст, ки онро дар ихтиёри гурӯҳи таҳқиқотӣ нахоҳанд гузошт . Ин коршинос ҳамчунин ба он ишора мекунад, ки тамоюли ҳукумати Ироқ аз мавзеъгирии Амрико нисбат ба Эрон фарқ мекунад. Ба андешаи Мустафо Аланӣ, ҳоло ки бо Артиши Маҳадии рӯҳонии шиъӣ Муқтадо ас-Садр мушкил пеш омадааст, ҳукумат мехоҳад, ҳимояти Эрон аз ин гурӯҳро ошкор кунад, на гурӯҳҳои дигарро.
Мустафо Аланӣ инчунин дахолати Эрон ба умури Ироқ ниҳоят зиёд аст ва аз ин хотир амрикоиҳо авзоъи Ироқро бо Эрон баррасӣ мекунанд. Дипломатҳои ИМА се маротиба бо дипломатҳои эронӣ доир ба авзоъи Ироқ гуфтӯгу карданд, аммо вазорати умури хориҷаи Эрон эълом намудааст, ки то хотима наёфтани амалиёти нерӯҳои амрикоӣ алайҳи тарафдорони Муқтадо ас-Садр бо Амрико мулоқот нахоҳад кард.
Мустафо Аланӣ мегӯяд, на танҳо Амрико, балки кишварҳои арабӣ аз кумакҳо Эрон аз ҷиҳати аслиҳа, пул ва иттилоъот ба гурӯҳҳои мусаллаҳи шиъимазҳаби Ироқ нигаронанд, аммо Эрон, ҳамчун кишвари бузургтарини шиъинишини дунё, ба далели мазҳабӣ ба гурӯҳҳои шиъии Ироқ кумак намекунад.
Ин масъалаи мазҳабиву қавмӣ нест. Ин масъалаи сиёсӣ аст ва ҳадафҳои стратегӣ дорад. Ин дахолатҳо ба маҳзабу қавм ҳеҷ гуна иртиботе надорад. Ончи, ки мо ҳоло шоҳидаш ҳастем, ин мебошад, ки Эрон таҳти мазҳаби шиъа дар дохили Ироқ пойгоҳи стратегӣ ва пойгоҳи нуфуз таъсис медиҳад, ки он дар заминаи мазҳабӣ тавҷеҳнопазир аст.
Ва имрӯз рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” аз қавли мақомоти амрикоӣ гузориш додааст, аъзои гурӯҳи тундрави аз тарафи Эрон ҳимоятшавандаи «Ҳизбуллоҳ» дар қаламрави ин кишвар аъзои гурӯҳҳои шиъимазҳаби ироқиро тамрини ҷангӣ медодаанд.
XS
SM
MD
LG