Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз 4 ҷинояткори ҷанг дар Буснӣ


Пулиси Буснӣ 4 серби маҳаллиро бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноёти ҷангӣ дар солҳои ҷанги Буснӣ, ки аз соли 1992 то 1995 идома дошт, боздошт кардааст. Дар баёнияи додситонии кулли Буснӣ омадааст, ин 4 нафар субҳи имрӯз дар шаҳри Приедор дастгир шудаанд. Онҳо узви гурӯҳе дониста мешаванд, ки дар солҳои ҷанг монеъи ҳаракати автобусҳои ҳомили асирони аз зиндонҳои сербҳои Буснӣ раҳоёфта ба сӯи манотиқи таҳт контроли хорватҳои Буснӣ шудаанд. Ин гурӯҳ дар куштори тақрибан 200 ғайринизомӣ муттаҳам мешавад.

XS
SM
MD
LG