Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияи Петреус ба ҳукумати Амрико


Фармондеҳи олирутбаи Амрико дар Ироқ мегӯяд, пеш аз тарки мақомаш дар моҳи сентябр ғолибан тавсия хоҳад дод, то қисми дигари нерӯҳои Амрико аз Ироқ хориҷ карда шаванд. Дейвид Петреус дар конгресси Амрико гуфт, ба эътиқоди вай вазъи амниятӣ дар Ироқ иҷоза медиҳад, ки сарбозони бештари Амрико аз Ироқ хориҷ карда шаванд. Аммо ӯ доир ба теъдоди дақиқи сарбозон чизе нагуфт. Ҷорҷ Буш Дейвид Петреусро ба мақоми фармондеҳи ситоди марказии қувваҳои Амрико пешниҳод кардааст, ки ин ситод, амалиётҳои низомии Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва бахше аз Африқоро назорат мекунад.

XS
SM
MD
LG