Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори нави изҳороти Бен Лоден нашр шуд


Усома Бен Лоден-раҳбари шабакаи террористии Ал-Қоъида изҳороти нави худро пахш кардааст. Вай дар ин изҳорот раҳбарони кишварҳои арабиро муттаҳам кардааст, ки онҳо фаластиниёнро қурбон мекунанд. Бен Лоден аз мусулмонони тундрав хостааст, ки муҳосираи Борикаи Ғазза тавассути исроилиҳоро бишкананд. Навори савтӣ ё садоии Бен Лоден аз тариқи як сомонаи интернетӣ, ки Ал-Қоъида аз он истифода мекунад, пахш шудааст. Ин навор чанд руз баъд аз изҳороти Бен Лоден пахш шуд, ки мегуфт, вай бар зидди давлати яҳудиҳо муборизаро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG