Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ба Мянмар намоянда мефиристад


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун мегӯяд, ҳамоҳангсози Созмони Милалро ба Мянмар мефиристад, то ӯ ҳокимони ҳарбии ин кишварро ба пазириши имдодрасонҳои хориҷӣ водор кунад. Раҳбари умури башарӣ дар Созмони Милал, Ҷон Ҳолмс, пештар гуфт, шумораи осебзадагони тӯфони шадиди 2-уми май дар Мянмар аз як миллиону шашсад то дуним миллион нафар мерасад. Ҳукумати ҳарбии Мянмар барои иҷозаи надодан ба вуруди наҷотбахшон ва кӯмакрасонҳои хориҷӣ ба кишвар барои мадад ба офатзадагон зери фишори байнулмилалӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG