Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 11 нафар дар як даргирӣ дар Садри Бағдод


Пулиси Ироқ мегӯяд, шаби гузашта дар асари даргирӣ байни нирӯҳои амниятии Ироқ ва тарафдорони рӯҳонии тундрави шиъа Муқтадо Садр дар Бағдод 11 нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Нирӯҳои Амрико, дар ҳамин ҳол, дар бораи ҳалокати 3 чирикӣ хабар медиҳанд.

Даргирии ахир дар минтақаи умдатан шиъанишини Садри Бағдод бар хилофи созишномаи оташбас байни давлати Ироқ ва тарафдорони Мутқтадо Садр ба вуқӯъ пайвастааст.

Чанд ҳафтаи рӯёрӯиҳо байни нирӯҳои давлат ва шибҳанизомиёни Муқтадо Садр дар минтақаи Садри Бағдод садҳо нафарро кушта бар ҷой гузошта буд.

XS
SM
MD
LG