Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имруз порламон ба нахуствазирии Путин рай медиҳад


Интизор меравад, ки имруз, панҷшанбе номзадии Влодимир Путин-раиси ҷумҳури пешини Руссия ба мақоми нахуствазирии ин кишвар дар порламони Руссия ба тасвиб расад. Дируз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури ҷадиди Руссия Влодимир Путинро ба мақоми нахуствазирии кишвараш пешниҳод кард. Муъаррефии номзади Путин ба мақоми нахуствазирӣ ду соъат пас аз савганди Дмитрий Медведев сурат гирифт. Медведев дар интихоботи моҳи марти раёсати ҷумҳурии Руссия бо беш аз 70 дарсади оро пируз шуд. Вайро Путин вориси худ муъаррефӣ кард.
XS
SM
MD
LG