Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наргис ҳаёти 22000 сокини Мянмарро аз байн бурд


Телевизиони Мянмар мегӯяд, шумораи қурбониҳо аз тӯфони Наргис ба 22000 нафар баробар шудааст ва сарнавишти 41000 шахси бе ному нишон маълум нест.
Ба қавли телевизиони давлатии Мянмар бо ҳадафи рафъи оқибатҳои бӯҳрони башарӣ ҳокимони низомӣ ба қабули кумакҳои байналмилалӣ ризоят додаанд.
Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сухангӯи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Пол Рислӣ аз шаҳри Бангкок гуфт:
"Тибқи гузоришҳои пешакме, ки ҳайъатҳои мо фиристодаанд,дар он ҷо садҳо ҳазор нафар бидуни сарпаноҳ мондаанд."
Дар ин байн хабар расид, ки рӯзи шанбе дар Мянмар референдуми конститутсионӣ бидуни кадом таъхире доир мешавад. Фақат раъйдиҳандагон аз 47 шаҳру деҳоти офатзада аз ширкат дар ин назархоҳӣ истисно мебошанд.
Референдуми 9-уми май аввалин овоздиҳӣ дар Мянмар дар тӯли ду даҳсолаи ҳукмронии низомиён мебошад.

XS
SM
MD
LG