Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши исқоти ҳамл миёни духтарони ҷавон


Мушкилоти иқтисодӣ аксар волидонро дар Осиёи Марказӣ водор мекунад, ки аз анъанаи таваллуди фарзанди зиёд даст кашанд. Дар айни замон, назар ба мушоҳидаҳои духтурон, дар баробари истифодаи васоили вижаи зиддиҳомиладорӣ, духтарони ҷавон ба исқоти ҳамл роҳ медиҳанд.

Дар Ӯзбакистон барномаи танзими оила фаъолона амалӣ мешавад, ҳукумати ин кишвар барои ин тарҳҳо маблағи зиёд ихтисос дода, модаронро барои таваллудҳои боназорат дар сартосари ин кишвар ташвиқ мекунад. Хонум Саодат, парастори таваллудхонае дар вилояти шарқии Андиҷон аст. Вай мегӯяд, ҳоло ҳатто дар дурдасттарин марказҳои саломатии занона талош мекунанд, занҳоро бо роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҳамли номатлуб, ва роҳ надодан ба методҳои зараровари исқоти ҳамл шинос кунанд. Вай гуфт:

"Ман дар деҳаи дурдасте зиндагӣ мекунам. Дар ин деҳа се навъи таблиғоти тарзи назорат аз таваллуди кӯдак ба роҳ монда шудааст. Инчунин тавассути телевизион методҳои мухталифи ҷилавгирӣ аз ҳамли номатлуб, аз ҷумла истеъмоли маводи дорувор, гирифтани сӯзандоруҳо намоиш дода мешавад. Ҳар кас дар ин бора маълумот дорад. Ҳар кас метавонад методи барояш муносибро интихоб кунад".

Дар Тоҷикистон ҳудудан 80 маркази сиҳҳатии модару кӯдак амал мекунад ва ин муассисаҳо пеш аз ҳама роҳҳои боамни ҳомиладоршавиву истифодаи рифолаву дигар котрасептивҳоро таблиғ мекунанд. Гулҷаҳон Туманова, раиси маркази сиҳҳатии модарон дар Душанбе мегӯяд, дар ин кишвар дар сатҳи давлатӣ сиёсати танзими оила амал мекунад. Вай мегӯяд, дар баробари масоили дигар, мутахассисони ин марказҳо ба муштариёнашон шарҳ медиҳанд, ки фаъолияти онҳо на фақат ба хотири коҳиши шумори кӯдак дар оила ба роҳ монда шудааст, балки пеш аз ҳама сиҳҳатманду солим нигоҳ доштани занону модарон вазифаи онҳо ҳисоб мешавад.

Ҷомеашиносон мегӯянд, ки ба фарқ аз даврони шӯравӣ, ки таваллуди ҳадди аққал 4 фарзанд барои ҳама хонаводаҳо анъана шуда буд, имрӯз шароити зиндагӣ сахттар шуда, муҳоҷирати зиёди шавҳарону падарон ба Русия афзоиш меёбад ва аксар модарони ҷавон дарк мекунанд, ки бояд аз таваллуди барзиёди фарзанд худдорӣ кунанд. Набояд фаромӯш кард, ки дар даврони шӯравӣ ҳукумат модарони серфарзандро бо ҳар гуна имтиёзу кӯмакпулӣ ва мукофотҳо барои таваллуди бештар ташвиқ мекард, имрӯз ин ҳама имтиёзҳо бекор шуда, хонаводаҳои серфарзанд бо мушкилоти зиёдашон танҳо мондаанд.

Масъалаи дигаре, ки дар робита бо исқоти ҳамл дар қаламрави Осиёи Марказӣ то рафт доғ мешавад, ин ҳомиладоршавии духтарони бешавҳар мебошад.

Дар Қазоқистон ҳар сол ҳудудан 130 ҳазор амалиёти исқоти ҳамл анҷом мегирад ва бисёри ин занон духтарони ҷавонанд, ки бешавҳар ҳомиладор мешаванд. Райгул Рисбойқизӣ, табиби дармонгоҳе дар Алмаато аст, вай мегӯяд, ки маъмулан ин духтарони ҷавон роҷеъ ба ҳомиладоршавиву исқоти ҳамл ва паёмадҳои он иттилои нокофӣ доранд:

"Маъмулан модарон духтарони ҷавони худро ин ҷо меоранд. Тавре шумо медонед, дар хонаводаҳои қазоқӣ модарон ҳама корро мекунанд, то ки дар ин бора аъзои бузургсолтари оила, хешу ақрабо ва шавҳарҳояшон нафаҳманд, чунки аз вокуниши бади онҳо ҳарос доранд. Аммо исқоти ҳамл барои духтарони ҷавон хеле хатарнок аст, чунки дар оянда ҳам ин духтарҳо бояд фарзанд ба дунё оранд. Ҳама чиз, албатта, аз сатҳи маълумотнокии онҳо вобаста аст".

Ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳама гуна каҷфаҳмиҳову пеш аз ҳама барои кӯмак ба духтарони ноогоҳ, ба андешаи духтурҳо, бояд бо ҳама аъзои хонавода, ба вижа падарону бародарон ва шавҳарон кор бурд, то ки онҳо аз манфиату зарари ҳомиладоршавӣ ва исқоти ҳамл маълумоти пурра дошта бошанд. Дар ин замина табиби тоҷик Гулҷаҳон Туманова, раҳбари як маркази сиҳҳатии модарон дар Душанбе мегӯяд:

"Чанд фарзанд доштан, кай фарзанд ба дунё овардан - дар бисёр оилаҳо ин қарорро мардон қабул мекунанд. Бинобар ин, сиёсати ҳозираи марказҳои мо ба он равона шудааст, ки ҳарчи бештар дар масъалаи танзими оила мардонро мо ҷалб кунем. Бигузор мардон бархӯрдор бошанд аз роҳҳои танзими оила, ва якҷоя дар интихоби маводи дилхоҳи зан кӯмак расонанд".

Дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барномаҳои танзими оила аз ҷониби ҳукумат ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт маблағгузорӣ мешавад. Тамоюли наве ҳам, ки дар шеваи иҷрои ин барнома ахиран мушоҳида мешавад, ин аст, ки духтурон барои ташвиқи сиҳҳатии модарони ҷавон аҳли дин ва рӯҳониёни бонуфузи маҳаллиро ҷалб мекунанд. Ҳоло ин гуна таҷрибаҳо дар қариб ҳама ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад ва зоҳиран, таъсири мусбати худро мерасонад. Чунки мардуми ғолибан вафодор ба арзишҳои мазҳабӣ ҳарфи як донандаи улуми диниро зудтар қабул мекунанд, мегӯянд онҳо.

XS
SM
MD
LG