Пайвандҳои дастрасӣ

Хушбахтӣ ва лаззати Модар шудан


Мусоҳиби мо Малика 22 сол дорад ва мегӯяд, ду сол пеш аз як ҷавон фиреб хӯрдаву исқоти ҳамл кардааст. Вай ба мо чунин қисса кард: «Нафаҳмида, хайр... бешавҳар бо як ҷавон хобу хез кардам, баъд пушаймон шудам, вале аллакай дер шуда буд: ҳомиладор будам ва рафта исқоти ҳамл кардам. Ман дигар илоҷ надоштам, мефаҳмед? Накунам, намешуд. Ӯ бояд ба гардан мегирифт, вале чунин накард ва дар ҳамин ҳолати ногувори ман гурехт. Агар исқот намекардам, хонангиҳо ҷанг мекарданд, ман аз ин хеле метарсидам».
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз ҳар ҳазор тифли зиндатаваллуд 110 мавриди исқоти ҳамл ба қайд гирифта шудааст. Дар миёни онҳо ҳам занони оиладор ва ҳам духтарони шавҳарнодидаву наврасон ҳастанд. Аммо ончи, ки мавриди нигаронии табибон шудааст, шумори зиёди духтароне аст, ки бино ба носозгории сарнавишт даст ба қатли ҳаёти тифли норасидаи худ мезананд.
Гулҷаҳон Туманова, раҳбари маркази солимии репродукитивии назди вазорати беҳдошти Тоҷикистон, мегӯяд, ғолибан чунин духтарон аз тарси волидону шарми атрофиён кӯшиш мекунанд бидуни гузаштан аз қайди таваллудхонаҳо ва ё марказҳои репродуктивӣ ба таврӣ пинҳонӣ аз ҷанини доштаашон раҳо шаванд. Аз ин рӯ, ба ақидаи ӯ, аксраият бо роҳҳои ғайрирасмӣ тариқи табибони шинос бо маблағҳои калон ва ё дар шароити хона ба ин амал даст мезананд.
Гулҷаҳон Туманова меафзояд: «Бояд гуфт, ки маҳз бо чунин роҳ исқоти ҳамл кардан ба бисёр оқибатҳои нохуш мерасонад».Ба гуфтаи ин мутахассис, аксари чунин духтарон бино ба ноогоҳиашон баъзан муҳлати исқоти ҳамл (аборт)-ро гузаронда, дар мавридҳои кӯшиши раҳо шудан аз тифли батнашон худ ба ҳалокат мерасанд.
Сарвиноз Ғаниева, пизишки амрози занонаи духтарону ноболиғон, мегӯяд, тибқи қонунгузории Тоҷикистон исқоти ҳамли ноболиғон ва духтарони то 18-сола бе ризояти волидонашон мумкин нест, аммо дар чунин ҳолатҳо ҳам баъзан духтарон аз тарси волидонашон бо машварати дӯстону шиносҳои худ аз роҳҳои ғайрирасмӣ кор мегиранд.
Сарвиноз худ пизишки ҷавон аст ва бештар бо чунин ноболиғону ҷавондухтарон сару кор мегирад. Ӯ иллати аслии афзоиши маврдиҳои исқоти ҳамлро дар беиттилоъии духтарон аз оқибатҳои номатлуби муносибатҳои ғайримашрӯъи ҷинсиашон медонад.
Як зани раҳгузар мегӯяд, ки ба чунин иштибоҳ маъмулан ҷавондухтарони деҳотии аз деҳа ба шаҳр омада роҳ медиҳанд: «Шароит надоранд, маблағи кофӣ барои хӯроку либос нест. Мебинанд, ки тарзи либоспӯшиву зиндагӣ дар шаҳр нисбатан дигар аст, онҳо ҳам мехоҳанд бо дигарон баробар бошанд, ба қавле, «чашмашон кушода мешавад», ва, чун падару модарашонро дур мебинанд, зуд роҳгум мезананд ва чунин «иштибоҳ»-ҳои нангин мекунанд».
Яке аз мусоҳибонамон чунин мегуяд: «Телевизор, видео... ва ҳар хел диску кассетаҳое, ки ин наврасону ҷавонон аз «прокат»-ҳо мегиранд, онҳоро вайрон мекунад. Ба фикрам, чунин филмҳо бояд ба фурӯш гузошта нашаванд ва ё ба ҷавонони то 18-сола фурӯхта нашаванд».
Ба гуфтаи табибон ва мутахассисини ин соҳа, исқоти ҷанин, махсусан дар аввалин ҳомиладорӣ, хатари хеле ҷиддӣ дорад. Он метавонад ҷавондухтарро ба безурётӣ ва ё ба бемориҳои дигар мубтало созад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳама дину мазҳабҳо исқоти ҳамлро як амали ғайриахлоқӣ ва ғайришаръӣ меҳисобад. Аз ҷумла дини Ислом ҳам исқоти ҳамлро аслан одамкушӣ дониста, ин иқдомро қотеъона маҳкум мекунад. Руқия Нурӣ, як узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, чунин мегӯяд: «Худованд таъйид мекунад, ки мисли ин ки шумо як хунеро мерезонед, ҳамин хел ҷанин ҳам, ки дар раҳими модар аст, аслан одам ҳисоб мешавад ва дини ислом нобуд ва ё исқот кардани онро шадидан ҳаром мешуморад».
Ба гуфти ин зан, донистани аҳкоми шариъати исломӣ роҳи муассири ҷилавгирӣ аз ин қабил амалҳои ношоиста аст.
Аксари мусоҳибонам бар чунин ақидаанд, ки дар ин маврид мактаби ҳамагонӣ нақшӣ муҳим дорад ва дониши ҷинсӣ дар ин синн ба духтарон ва писарон маҳз бояд дар мактабҳои миёна хуб ба роҳ монда шавад, то ки аз чунин ҳодисҳо ҷилавгирӣ ба амал ояд.
Вале Малика, ҷавондухтаре, ки бидуни издивоҷ ҳомиладор шудаву исқоти ҳамл кардааст, аз ин амали худ хеле мутаассиф аст ва кӯшиш мекунад, то дигар дар зиндагӣ чунин иштибоҳ накунад. Ӯ ба дигар ҳамсолони худ чунин машварат медиҳад: «Ҳазор бор беҳтар аст, ки духтарон ба шавҳар баромада, бо обрӯй ҳомиладор шаванду тифли худро солим ба дунё оранд. Ин ҳам барои саломатии модар хуб аст ва ҳам барои кӯдак. Дигар, инки ӯ бо сари баланд модар мешавад, ва ин, албатта, хушбахтист, лаззатест барои як умр».
Оре, имрӯз ҳар як духтари ҷавон бояд бияндешад, ки барои ӯ чи муҳим аст: «лаззат»-и яклаҳзаинаи тасодуфӣ, ки нокомиву талхиҳои зиёд дар пай дорад, ё лаззати якумрии бо обрӯй Модар шудан?
oyandasoz@rferl.org

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG