Дар Кулоб 1.200 зани навзо бо сабаби камии ғизо гирифтори камхунист. Шукрона Шамсоваи 18-сола, сокини деҳаи Даҳанаи Кулоб ҳангоми таваллуд фавтид. Ҳалима Гадоева, духтури таваллудхонаи Кулоб мегӯяд, ин зани ҷавон қабл аз таваллуд гирифтори бемории зардпарвин будааст ва ӯву тифлаш аз олам даргузаштаанд. Ҳалима Гадоева меафзояд, мушкили ба дигар амрози сироятӣ печидани занҳои ҳомила дар минтақа то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Тибқи иттилоъи расмӣ тӯли се моҳи соли ҷорӣ дар ҳамин беморхона ду зан, ки бемори сил будаанд, таваллуд кардаанд. Вазъи сиҳатии ин бонувон ва атфоли онҳо сангин муаррифӣ мешавад.
Барои зани ҳомила дар минтақа ба ғайр аз амрози сироятии фарогир ҳамчун домана, табларза, сил ва зардпарвин мушкили дигар низ ҳаст. Табибон мегӯянд, бонувони зиёд бемории гистоз, хунравӣ ва камхунӣ мубтало будаанд.
Дар шаҳри Кулоб беш аз 42000 зан ба сар мебарад, ки ба истилоҳи табибон ҳудудан 22000-и онҳо ба гурӯҳи бонувони қобили таваллуд шомиланд. Тибқи омори расмӣ, дар соли 2004 дар Кулоб 1.825 зан таваллуд кардааст. Аз ин теъдод 1.200 нафар, ё худ 66% - и онҳо ба таваллудхона муроҷиат кардаанд. Сиву чор фоизи дигар, ё худ беш аз 600 зан дар хона таваллуд кардаанд. Ва аммо аксари занҳои деҳоти акноф усулан дар хонаҳо таваллуд мекунанд ва маҳз маргу мир дар байни онҳо мушоҳида шудааст.
Дар тӯли се моҳи соли равон дар Кулоб 12 тифл ба ҳангоми зода шудан фавтидааст. Ин дар мавридест, ки теъдоди модарони ба ҳангоми ҳамл фавтидаро дақиқан касе намедонад. Ва аммо дар таваллудхонаи шаҳрӣ гуфтанд, ки аз 1.800 модари навзо беш аз 1.200 нафари онҳо гирифтори камхунианд, ки ин мараз ба ғизои мардум сахт бастагӣ дорад. Дар ҳамин маврид, ба истилоҳи табибон ҳамл ҷавон мегардад. Ба истилоҳи дигар теъдоди занҳои навзо дар байни ҷавонон зиёд шудааст. Беш аз 200 зани синнашон аз 17 то бистола имсол таваллуд кардаанд. Барои қиёс бонувони синнашон аз 35-сола боло, ки таваллдуд кардааанд, 117 нафар будаанд.
Раъно Ғафурова - сардухтури таваллудхонаи шаҳри Кулоб мегӯяд, тибқи барномаи ин бемористон барои тамомии модарони ҷавон ва бонувони ҳомила бо кӯмаки созмонҳои байналмилалии тиббӣ ва вазорати тандурусти кишвар дорувории ройгон ҳамчун сулфати оҳан ва ишқори намак ҷудо шудааст. Хонум Ғафурова мегӯяд, ин ду маҳлул барои барқарории хуни модарони навзо ва бонувони обастан мусоидат мекунад.

Рост гуфтед бехтараш салафию доишихоро ихроч кунанд аз ватанамон чунки зарараш зиёдтар ба чомеъа баракси инхо
Шахсоне ки дар комментария менависан ки дохил шудани Тоҷикистон ба иттиҳоди авруосиё ба манфиати Тоҷикистону милати Тоҷик аст хуб бародаро ма тарафдор лекин як чизро намефаҳмам ягон давлате ки ба ҳамин итиҳод ворид шудааст иқтисодаш шикастааст ва қарзи хориҷии ҳамин аъзозои иттиҳоди авруосиё дар замони дар ҳамин итиҳод буданашон боло ба маротиб боло рафта истодааст аз ин маълум мешавад ки аъзои ин созмон будани Тоҷикистон ба миллат фоида надорад ва ба истиклолияти мо халал ворид мекунад
Коршинос бисер афсона нагу дуне бесоҳиб аст дар як ҳафта Тоҷикистон аз харитаи дунё нобуд мешудааст кампирои ғайриштатии қишлоқ борин афсона бузаки ҷингилапоро гуфтанро дуст медори
Дар Точикистон хамаи ракамхо изофаанд
Озоди гапа кушоди шархи қурбонбойа махфи нигоҳ надор суханҳои навишташуда сад фоиз ҳақиқат аст. Агар чоп накуни аз озоди ҳам бовар нест