Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Сербия имзо шуд


Иттиҳоди Аврупо созишномаи равобити наздиктар бо Сербияро ба имзо расонд. Вазирони умури хориҷии иттиҳод ва ноиби сарвазири Сербистон Божидар Дйелич ин санадро дар Люксембург имзо карданд. Аммо Иттиҳоди Аврупо иҷрои созишномаи таъодул ва ҳамбастагиро барои Белград бо истирдоди гумонбаршудагони ҷиноятҳои ҳарбӣ ба додгоҳи Созмони Милал машрут кард. Имзои аҳднома ду ҳафта пеш аз интихоботи умумии Сербия ба вуқӯъ пайваст.
XS
SM
MD
LG