Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

22 сол аз фалокати Чернобил гузашт


22 сол баъди вуқӯи садамаи атомии Чернобил, имрӯз сокинони Украина, Русия ва Беларус маросими бузургдошти хотироти қурбониҳои ин фоҷеаи ҳастаиро баргузор карданд. Дар аксар шаҳрҳои Украина, мардум дар назди муҷассамаҳои ёдгорӣ гулдастаҳо гузошта шамъ афрӯхтанд. Ҳанӯз ҳам садҳо деҳоти атрофи маҳалли таркиш дорои миқдори зиёди радиатсия мебошад, аз ҳамин хотир ҳам барои зисту кишоварзӣ муносиб нест. Ҳанӯз ҳам мушаххас нест, ки оё паёмадҳои таркиши рӯзи 26 апрели соли 1986 дар кадом мӯҳлат бартараф хоҳад шуд. Дар он ҳодиса, абри пурташашшӯе дар манотиқи атрофи ин маҳал ва баъзе нуқоти Аврупо паҳн шуд. Аз рӯи таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар пайи ин фалокат ба таври мустақим ва дар дарозмуддат бар асари бемориҳо беш аз 4000 нафар ҷони худро аз даст доданд. Аммо баъзе мунаққидон - мутахассисони риштаи энержӣ мегӯянд, ки шумори қурбониҳо дар ҳудуди 100 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG