Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳо ба эҳёи обрӯи байнулмилалии Тоҷикистон


Ҳамзамон ду намояндаи давлатҳои хориҷӣ -- сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон, Трейсӣ Ҷейкобсон ва вазири давлатии умури берунаи Олмон, Ҳернот Эрлер аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карданд, ба эҳёи эътимоди сармоягузорон талош намояд. Ҷейкобсон иқрор кард, ки пас аз моҷарои марбут ба воми Сандуқи байнулмилалии пул, эътибори байнулмилалии Тоҷикистон костааст. Эрлер, ки ба Тоҷикистон сафар кардааст, дар масири сармояҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон монеъаҳои зиёде мавҷуд аст ва ҳуукмат бояд барои бартараф кардани онҳо хеле заҳмат кашад.
XS
SM
MD
LG