Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқбари ҳероини афғонӣ дар ИМА муҳокима мешавад


Қозии як додгоҳи федеролии Ню-Йорк иттиҳомоти зидди як шаҳрванди Афғонистонро, ки дар қочоқи маводи мухаддир ва наздикӣ бо гурӯҳҳои Толибон муттаҳам мешавад, бетағйир гузошт. Ҳамакнун, рӯзи 19 май бояд додгоҳи Башири Нурзай дар Амрико баргузор шавад. Нурзай, ки як раҳбари қабилайӣ мебошад, соли 2005 дар шаҳри Ню-Йорк бо иттиҳоми қочоқи ҳероин ба ИМА ба маблағи беш аз 50 миллион доллар боздошт шуд. Вакилони Нурзай ин иттиҳмро рад карда мегӯянд, ки шахси мавриди ҳимояти онҳо тоҷири ҳероин нест ва аслан ин гуноҳи мақомоти амрикоӣ шуд, ки ӯро пеш аз сафар мутақоид карданд, ки ҳангоми сафар ба кишварашон боздошт нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG