Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Антонио Гутеррес ба Тоҷикистон меояд


Имрӯз, 31 март, Антонио Гутеррес, кумиссари олии СММ дар умури паноҳандагон бо як сафари чоррӯза вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад. Роҳҳои ба шароити Тоҷикистон мутобиқ сохтани зиндагии паноҳандагон ва паноҳҷӯён як ҳадафи аслии сафари оқои Гутеррес ба Тоҷикистон ва мулоқотҳояш бо мақомоти ин кишвар, аз ҷумла бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ном бурда мешавад.

Бахши аъзами онҳое, ки дар Тоҷикистон мақоми паноҳандагӣ дарёфт кардаанд, аз Афғонистонанд.

Дар соли 2005 бо мусоидати Кумиссарияи олии СММ дар умури паноҳандагон тақрибан 2 000 паноҳандаи афғон Тоҷикистонро ба қасди Канада тарк карданд. Ва аммо тақрибан 1700 паноҳандаи дигар, ки низ аксарияти кулл аз Афғонистон мебошанд, ҳамчунон дар қаламрави Тоҷикистон ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG