Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқиша дар марзи тоҷику қирғиз


Баста шудани оби наҳри сунъии фаромарзӣ ва гузоштани назоратгоҳи марзбонии Қирғизистон дар назди наҳр ба муноқиша сабаб шудааст.

Комисюни вижаи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон баъди анҷоми нишасти аввали худ дар шаҳри Исфара гуфтааст, муноқишаи байни сокинони наздимарзии Исфараву Боткандро дар заминаи талоши обу замин бо роҳи мусолиҳатомез поён хоҳад бахшид.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, ба сар задани ин муноқиша баста шудани оби наҳри сунъии фаромарзӣ ва гузоштани назоратгоҳи марзбонии Қирғизистон дар назди наҳр сабаб шудааст. Аз оби ин наҳр теъдоде аз деҳоти тоҷику қирғизнишин истифода мебаранд. Як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло – Абдухалил Шарифов аз маҳалли муноқиша дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аъзои комиссияи муштарак баъди анҷоми нишасти расмӣ бо сокинон вохӯрданд. Ҷониби Қирғизистон сабаби бастани наҳрро на ба хотири аз худ кардани он, балки барои таъмир ва тармими он тавзеҳ додааст ва гуфтааст, ин иштибоҳ буд, ки ҷониби Тоҷикистон қаблан дар ҷараён гузошта нашуд. Вай афзуд, нирӯҳои интизомиву марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ва миқдоре аз техникаи ҳарбӣ, ки ба хотири пешгирӣ аз эҳтимоли сар задани ҷанҷол миёни сокинони ду ҷониб дар рӯзҳои 26 ва 27 - уми март ба он ҷо оварда шуда буданд, аз маҳалли мунокиша берун бурда шудаанд.

Дар нимарӯзи панҷшанбе, 27 март, садҳо сокини деҳоти ҷониби Точикистон, ба хусус деҳоти Хоҷаи Аъло ва Чоркӯҳ, ки барои талоши ҳаққи худ ба об ҷамъ омада буданд ва қирғизҳои дар лаби наҳр гирдомада низ пароканда шудаанд.

Комиссияи муштарак ҳамчунин ҷониби Қирғизистонро аз истифодаи қитъаи замини баҳснок дар назди деҳаи Чоркӯҳ манъ фармудааст. Аскаралӣ Мираҳмадов – намояндаи Қирғизистон дар Суғд гуфт, комиссияи муштарак ба ҳалли масоили муноқишаангез, танзими тақсим ва истифодаи об дар манотиқи наздимарзии Суғду Ботканд машғул хоҳад буд.

Вале масъалаи тақсими обу замин ва истифодаи роҳҳои ягона ҳанӯз аз замони Шӯравӣ боиси сар задани муноқишаву талошҳо миёни сокинони маҳалҳои наздимарзии Исфараву Ботканд мегардад. Дар соли 1989 бар асари чунин ҷанҷол як сокини Исфара аз тири силоҳ кушта шуд. Дар соли 2003 сокинони деҳоти Яккауруғ ва Хоҷаи Аъло дидбонгоҳҳои сарҳадбонии ҳамдигарро, ки «анклав» ё ки «ҷазирақаламрав» - ҳоро аз ҳам ҷудо мекард, хароб карданд.

Неъматуллоҳи Мирсаид – таҳлилгари умури марзии Суғд то кунун марзбандӣ ва нишонгузорӣ нашудани хати марз дар миёни Суғду Боткандро иллати аслии муноқишаву талошҳо мехонад.

XS
SM
MD
LG