Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дармонгоҳи муштараки тоҷикону қирғизҳо


Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, 130-километрии Хуҷанд, ҳаммарз бо ноҳияи Ботканди Қирғизистон бо кӯмаки молии Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид (UNDP) ва созмони хайрияи амрикоии Каунтерпарт Интернешнл (Counterpart International) бунёд ва ифтитоҳ ёфт. Баҳром Файзуллоев, корманди дафтари барномаи рушди Созмони милали муттаҳид дар Хуҷанд дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, ки хадамоти ин бунгоҳи нави тиббӣ барои сокинони маҳалҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки равуои онҳо ба маҳалҳои якдигар озодона ва бидуни кадом санад сурат мегирад, пешбинӣ шудааст: «Ба ҳамин мақсад бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи Қоқирии деҳаи Чоркӯҳ, ки бо деҳаи Куктоши ноҳияи Ботканд ҳамсарҳад аст, бунёд шуд, то ки аҳолии ҳар ду ҷониб аз он истифода карда тавонанд. Дастрасии сокинон дар ин маҳалҳои дурдасти наздимарзӣ дар дараҷаи хеле паст қарор дошта, дар ин маҳалҳо як бунгоҳи тиббӣ вуҷуд надошт. Сокинон борҳо аз ҳукуматҳои маҳаллӣ ва барномаи рушди Созмони милали муттаҳид хоста буданд, ки барояшон як бунгоҳи тиббӣ сохта шавад. Ин хоҳиши онҳо пазируфта шуд.»

Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара бо сарфи беш аз 14 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шуда, сокинони маҳал низ қисме аз корҳои сохтмониро анҷом доданд. Тарҳи ҳамкории манотиқи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби намояндагиҳои Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид дар ин ду кишвар тайи беш аз ду соли ахир дар 5 ноҳияи наздисарҳадӣ: Лайлак ва Ботканд, Исфара, ба номи Ҷаббор Расулов ва ба номи Бобоҷон Ғафуров дар самти таъмини ҳамзистии осоишта, рушди робитаҳои сокинони маҳалҳо ва пешгирӣ аз эҳтимоли сар задани низоъҳо татбиқ мешавад.

Дар ин 5 навоҳии вилоятҳои Суғду Ботканд тоҷикону қирғизҳо канори ҳам ба сар мебаранд ва дар бештари маворид аз роҳҳо ва захоири ягонаи обу замин истифода мекунанд.
Дар доираи ин барномаи ҳамзистии тоҷикону қирғизҳо дар рӯзҳои 23-юм ва 24 - уми марти соли равон ҷашни Наврӯз дар маҳалҳои наздимарзии навоҳии Исфараву Ботканд ва Лайлаку Ҷаббор Расулов якҷоя, бо иштироки ҳамсоягон ид карда шуд.
XS
SM
MD
LG