Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро қирғизҳо аз Ботканд мекӯчанд?


Муҷтамаъи ёдгории қаҳрамони миллиии қирғиз Манас дар Ботканд
Муҷтамаъи ёдгории қаҳрамони миллиии қирғиз Манас дар Ботканд

Тарҳи қонун «Дар бораи вижагиҳои минтақаҳои аҳолинишини марзӣ»-ро ба муҳокимаи кумитаи Ҷуқорғи Кенеш, порлумони кишвар, оид ба қонунгузорӣ, сохтори давлатӣ, қавонин ва ҳуқуқи башар пешниҳод шуд.

Ба гуфтаи Мурод Ҷӯраев, вакили порлумони Қирғизистон ва муалифи тарҳи ин қонун, баъди баррасӣ ва ба тасвиб расидани тарҳи ин қонун мавҷи муҳоҷирати қирғизҳо аз минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи кишвараш коҳиш хоҳад ёфт.
Ин вакил мегӯяд, дар ҳамин ҳол миёни Қирғизистону Тоҷикистон марзҳои давлатӣ вуҷуд надоранд.
Вай афзуд, ки аз ин лиҳоз дар ҳудуди 2 ҳазор ҳектор замини таҳти тасарруфи Қирғизистон аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон худсарона ғасб шудааст.
Мурод Ҷӯраев бар ин аст, ки ба далели онки теъдоди сокинони вилояти Суғд тақрибан ба 1 миллион нафар расидааст, даҳҳо сокини навоҳии марзии ин вилоят маҳз дар қаламрави вилояти Ботканд барои худ манзил сохтаанд.
Депутати порлумони Қирғизистон гуфт, ки ин раванд якпорчагии марзи кишварашро зери хатар қарор хоҳад дод, фақат таъмини муназзами барқ, оби ошомиданӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, ҳамчунин ҷудо кардани квотаҳо барои мактабҳои олӣ мавҷи муҳоҷират аз ин минтақа ба самти шимоли кишвараш ва ба Русияву Қазоқистонро коҳиш хоҳад дод.
Вай гуфт, дар амал пиёда кардани тарҳи қонуне, ки вай таҳия намудааст, бештар аз 100 миллион сом ё муодули се миллион доллари амрикоиро тақозо мекунад. Аммо ин маблағ, меафзояд ӯ, маҳз барои сохтани иншоъоту муассисаҳо дар манотиқи марзии вилояти Ботканд ва таъмини сокинони он бо барқ ва оби ошомиданӣ масраф хоҳад шуд.
Дар он сурат, тазаккур дод депутати порлумони Қирғизистон, аз ғасби худсаронаи қаламрави вилояти Ботканд аз тарафи шаҳрвандони кишвари ҳамҷавори он Тоҷикистон ҷилавгирӣ хоҳад шуд.
Аз суҳбат бо як гурӯҳ сокинони деҳаи Тоштумшуқи вилояти Ботканд бармеояд, ки қонунгузориҳои ин кишвар ба шарвандони хориҷӣ фурӯхтани заминро манъ накардааст.
Ба гуфтаи мавсуф ҳатто раиси вилояти Ботканд ба далели адами қонун натавонист, то аз фурӯши заминҳои таҳти тасарруфи ин вилоят ҷилавгирӣ кунад.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, аммо вай ба ҳамсояҳои тоҷики худ ягон хусумат ва ё эътироз надорад ва бо вуҷуди ин бояд эътироф намояд, ки шароит қирғизтаборонро маҷбур кардааст, ки бо нархи арзон манзилашонро ба тоҷикҳо фурӯшанд ва аз ин ҷо ба ҷои дигар кӯч банданд.
Дар ҳамин ҳол як сокини деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара изҳор кард, ки вай бо пули ҳалол аз қирғизҳо манзилро харидааст.
Бояд тазаккур дод, тарҳи қонуни ба кумитаи порлумони Қирғизистон пешниҳодшаванда тарҳи қонуни номукаммал арзёбӣ гардид ва муҳокимаи он ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG