Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Урузгон даҳҳо ҷангии Толибон кушта шудаанд


Вазорати дифоъи Афғонистон мегӯяд, нирӯҳои таҳти фармони НАТО дар як амалиёти бо нирӯҳои афғонӣ муштараки ҳавоиву заминӣ дар ҷануби ин кишвар даҳҳо тан аз ҷангиёни Толибонро ба ҳалокат расондаанд. Задухӯрд рӯзи шанбе дар вилояти Урузгон сурат гирифтааст.

Ва низ дар рӯзи шанбе 2 сарбоз аз ҳайъати нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар асари таркиши бамби рӯироҳ дар вилояти Қандаҳор кушта шудаанд. Атбоъи кадом кишварҳо будани ин ду сарбоз гуфта намешавад.

XS
SM
MD
LG