Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далай Лама иттиҳомоти Чинро радд кард


Раҳбари рӯҳонии тибетиҳо Далай Лама иттиҳомоти алайҳи ӯ нашршуда дар матбуоти расмии Чин мабнӣ бар инро, ки Далай Лама гӯё талош доштааст, тавассути роҳандозии ошӯбҳо дар Тибет Бозиҳои имсолаи Олимпӣ дар Пекинро хароб кунад, “бебунёд” номида, радд кард. Матбуоти Чин Далай Ламаро муттаҳам кардааст, ки бо роҳандозии “террор” дар Тибет қасд доштааст, Олимпиадаи Пекинро гаравгон сохта, ҳукумати кунунӣ ва коммунистии Тибетро сарнагун кунад.

Ин иттиҳомот ду ҳафта баъд аз шурӯъи ошӯбҳо дар Лҳасса, пойтахти Тибет садо медиҳанд. Далай Лама, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел барои соли 1989, ҳар навъ нақши раҳбариаш дар ин ошӯбҳоро, ки баъдан ба вилоёти дигари Чин низ густариш ёфт, радд мекунад.

XS
SM
MD
LG