Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи изтирорӣ дар Ереван лағв шуд


Дар Ереван, пойтахти Арманистон вазъи изтирорӣ аз байн бардошта шуд. Имрӯз чанд рӯзномаи мухолифи ҳукумат нашр шуданд ва аммо дастрасӣ ба бахши аъзами сомонаҳои интернетӣ ғайримумкин аст.

Роберт Кочарян, раиси ҷумҳури Арманистон рӯзи 1 март, баъди задухурди ҷонибдорони аҳзоби мухолиф ва кормандони пулис дар пойтахт вазъи изтирорӣ эълон карда буд. Дар он задухурдҳо 8 нафар ба ҳалокат расиданд. Аҳзоби мухолиф натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурро, ки дар он, тибқи иттилоъи расмӣ, сарвазир Серж Саркисиён пирӯз шудаанд, эътироф намекунанд.

XS
SM
MD
LG