Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри навори нави Усома Бен Лодан


Як баёнияе, ки зоҳиран ба Усома Бен Лодан раҳбари созмони терористии Алқоида таалуқ дорад, дар сомонаи интернетии тундравони исломӣ нашр шудааст. Соҳиби баёния Попи Рум Бенедикти ХVI-ро ба он муттаҳам мекунад, ки гӯё дар “ҷанги салибии нав” ба зидди мусулмонон кӯмак мерасонад. Ҳамчунин дар навор ҳушдор дода мешавад, ки вокуниш ба нашри тасвирҳои масхараомези паёйомбари Ислом Муҳаммад "шадид" хоҳад буд. Сухангӯи Ватикан Федерико Ломбардӣ ингуна иддаъоҳоро рад карда гуфт, ки Попи Рум чанд дафъа нашри он тасвирҳоро маҳкум намудааст, ки онҳо бори аввал соли 2006 дар як рӯзномаи даниягӣ чоп шуданд.

XS
SM
MD
LG