Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониҳои нав дар Тибет


Ҳукумати дар ғурбат қарордоштаи Тибет мегӯяд, рӯзи сешанбе дар асари задухӯрд байни тазоҳургарон ва нирӯҳои давлатии Чин дар вилояти бо Тибет ҳамҷавори Гансу 19 тан аз эътирозгарон кушта шудаанд. Сухангӯи ҳукумати Тибет гуфт, ба ин тартиб, ҷамъи кушташудаҳо аз оғози ошӯбҳо дар таърихи 10 март ба 99 нафар мерасад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Чин ҳалокати танҳо 13 нафар аз мардуми ғайринизомиро таъйид кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Далай Лама, раҳбари рӯҳонии тибетиҳо, ки низ дар ғурбат ба сар мебарад, гуфтааст, дар сурати аз зери назорат хориҷ шудани вазъи Тибет ӯ истеъфо хоҳад дод. Бо ин вуҷуд, дирӯз сарвазири Чин Вен Ҷибао Далай Ламаро дар ташкили ошӯбҳои Тибет айбдор кард. Вен Ҷибао гуфт, пайравони Далай Лама талош доштанд, дар дунё андешаи таҳрими бозиҳои олимпии имсола дар Пекинро барангезанд.

XS
SM
MD
LG