Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дар фикри раҳоӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ шудааст


Вазири дороии Амрико Ҳенри Полсон гуфт, давлати Амрико дар садади иттихози тадобири лозим ба хотири эҳёи субот дар низоми дороияш шудааст.

Ҳенри Полсон ба телевизиони амрикоии “Фокс Нюс” тасмими Бонки марказии Амрико ҷиҳати ироаи маблағҳои изтирорӣ ба Bear Sterns, яке аз бузургтарин бонкҳои сармоягузории ин кишварро тасмими дуруст номид ва изҳори итминон кард, ки бозорҳои иқтисодиву молӣ аз вартаи бӯҳрони кунунӣ раҳо хоҳанд ёфт: “Мо ниҳодҳои қавии молӣ дорем. Ҷаҳон ба бозорҳои мо ҳасад мебарад. Онҳо тобовар, ҷӯянда ва қобил ба тағйирот ҳастанд. Фикр мекунам, мо хеле ба зудӣ ба вазъи пешомада дар ин кишвар расидагӣ мекунем.”

Дар ҳоле ки бӯҳрони пешомада дар бозори манзили Амрико ҳамоно ба соҳоти дигари иқтисоди он кишвар густариш меёбад, ба бовари афзояндаи иқтисодшиносон, иқтисоди Амрико рӯ ба ақибравӣ овардааст.

XS
SM
MD
LG