Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили мардумашро дар баробари таниши фазоянда бо Русия ба ваҳдати миллӣ даъват кард. Саакашвили дар паёми телевизиониаш гуфт, пиромуни талоши ба паймони низомии НАТО пайвастани Гурҷистон як кашмакаши “геополитикӣ” эҷод кардаанд. Ӯ ҳамчунин Русияро айбдор кард, ки бо ҳимояташ аз маъмуриятҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи ҷанубӣ ба рӯ ба вахомат овардани вазъ мусоидат мекунад.
Михаил Саакашвили ин суханонро дар арафаи сафараш ба Вошингтон ва мулоқоти рӯзи 19 марташ бо раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш эрод кард.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи якшанбе ҳудуди 5000 нафар аз тарафдорони мухолифини гурҷӣ дар Тифлис алайҳи давлати Михаил Саакашвили ташкили раҳпаймоӣ карданд.