Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Эрон райдиҳӣ идома дорад


Дар Эрон интихоботи порлумонӣ идома дорад. Баъд аз инқилоби исломии соли 1979 ин 8-умин интихоботи порлумонист. Барои ишғоли 290 курсии порлумон ё Маҷлиси Шурои исломии Эрон аслан ҷиноҳи муҳофизакор ва ислоҳталаб байни ҳам рақобат мекунанд. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ-раҳбари руҳонии Эрон баъд аз райдиҳӣ дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии Теҳрон чунин изҳор дошт:
"Бисмиллоҳ-ир-Раҳмони Раҳим. Барои кишварамон ва миллатамон рузи ҳассос ва лаҳзаи ҳассосест. Сарнавиштсоз аст".
Таҳлилгарон мегуянд, райи мардум дар интихоботи имруз далели он хоҳад буд, ки эътибори Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон қабл аз интихоботи соли 2009-и раёсати ҷумҳурии Эрон то чӣ андоза коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG