Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ОБЭ: Қимати нафт афзудан мегирад


Оҷонсии байналмилалии энержӣ имрӯз гуфт, ки ба эҳтимоли ғолиб дар фурсати наздик ҳеҷ илоҷи пешгирӣ аз афзоиши идомаёбандаи қимати нафт бо сабаби тақозоҳои афзояндаи Чин ва дигар бозорҳои ҷаҳонӣ даст нахоҳад дод. Дар гузориши ахири худ ин оҷонсии мустақар дар Париж навиштааст, ки талаботи афзояндаи нафтро мешавад дар Чин, Ҳинд ва дигар бозорҳои тавсеаёбандаи ҷаҳонӣ мушоҳида кард. Дар ин кишварҳо, мегӯяд оҷонс, масрафкунандаҳои нафт майл надоранд бо захираи маводи сӯхт машғул шаванд, бо ин сабаб, ки маблағгузориҳои ҳукумат қимати нафтро ба таври маснӯъӣ дар сатҳи поин нигаҳ медорад. Имрӯз қимати ҳар бушка нафт дар сатҳи 109,20 доллари амрикойӣ қарор гирифту арзиши доллар боз поинтар омада, 1,54 Евроро ташкил дод.

XS
SM
MD
LG