Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти бонувони афғон кам нашудааст


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, бо вуҷуди баъзе пешрафтҳо дар ҳаёти занони Афғонистон ҳанӯз ҳам кори зиёде боқист, ки бояд ба хотири кам кардани ранҷу азобҳои зани афғон анҷом дода шавад. Созмони Милал мегӯяд, хушунату зӯроварии фарогир нисбат ба занони афғон ҳамчунон боқист, занони зиёде ҳангоми таввалуд мефавтанд ва аксарияти занони афғон бесавод ҳастанд. Дар остонаи Рӯзи Байналмилалии Занон, ки фардо 8 март аст, садҳо нафар аз занони афғон дар маросими мухталиф хостори сармоягузории бештар барои беҳбуди вазъи бонувони Афғонистон шуданд.

XS
SM
MD
LG