Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон эъмоли таҳримҳои навро ғайриқонунӣ медонад


Рӯзи шанбе Эрон бори дигар мавқеи худро такрор кард, ки қабули қатъномаи сеюми зидди Теҳрон дар Шӯрои амнияти СММ "ғайриқонунӣ" хоҳад буд. Ғуломаҳусайн Илҳом, сухангӯи ҳукумати Эрон гуфт, ки бознигарӣ кардани қазияи Эрон дар ин шӯро мисли "об дар ҳован кӯбидан", яъне кори беҳуда анҷом додан аст. Рӯзи ҷумъа Шӯрои амният охирин таҳрирҳояшро дар матни қатънома барои қабули таҳримҳои нав болои Эрон бо сабаби мухолифаташ дар хатми ғанисозии ураниум ворид кард. Қарор аст, раъйдиҳӣ барои қабули ин қатънома рӯзи душанбе сурат гирад.
XS
SM
MD
LG