Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дӯстони аврупоии Путин


Путин тайи ҳашт соли раёсати худ, бо раҳбарони собиқи се кишвари Аврупо - Герхард Шредер, садри аъзами Олмон, Жак Ширак, раисҷумҳурии Фаронса ва Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Италия равобити дустонаи шахсӣ барқарор кард, вале танҳо дустӣ бо Герхард Шредер пойдор ва сермаҳсул мондааст.

Таҳлилгари масоили байналмилалӣ, раиси маркази иттилооти сиёсӣ Алексей Мухин мегуяд, Путин бо ин се раҳбари давлатҳои аврупоӣ дар даври якуми президентии худ то соли 2004 дустии шахсӣ барқарор карда буд, вале дар даври дуввум дустони нав пайдо накард, ҳарчанд бахши аъзами раҳбарони кишварҳои аврупоӣ бо вай ҳамкории боэҳтиромонаи давлатӣ доранд.

Коршинос афзуд, дустии шахсии Путин бо Герхард Шредер, то ҳудуде муҷиби боло рафтани нуфузи сиёсию иқтисодии Русия дар Аврупо шуд, вале ҳамзамон вокуниши кишварҳоеро ба бор овард, ки ба нафту гози Русия эҳтиёҷ доштанд, ба вижа тарҳи лулаи гози шимолии Аврупо, ки бо чапғалат аз Украин, Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтик, аз бистари дарёи Балтик ба Олмон мерасад.

Герхард Шредер пас аз замони раёсати худ, бо пешниҳоди Путин раҳбарии эҳдоси тарҳи лулаи гози шимолии Аврупоро бар уҳда гирифт. Ин тарҳ ба суди Русия аст. 51 дар сади саҳмияи он моли Русия мебошад ва Шредер барои мусоидат ба ин кор аз Русия моҳонаи ҳангуфт мегирад.

Ба эътиқоди Алексей Мухин, маҳз ҳамкории энерҷии Русияву Олмон бо ибтикори Путин ва ҳамфикрии Шредер муҷиби нороҳатии Амрико гардид. Дар ин робита, раиси Кумитаи умури байналмилалии Конгресси Амрико Том Лантос, Герхард Шредерро тамаъкоре номидааст, ки аз Путин пул металабад.

Яке аз дигар таҳлилгарон Андрей Водостой навиштааст, дустии раҳбарони Олмон ва Русия амалан пас аз пирузии дубораи Путин дар интихоботи президентии соли 2004 шуруъ шуд. Ҳамон сол онҳо дар ҷашни зодрузи ҳамдигар ширкат карданд. Шредер дар ҷашни 60-солагии пирузии Иттиҳоди Шуравӣ бар фашизми Олмон дар Маскав ширкат кард, ки дар таърихи шаст соли ахири ду кишвар собиқа надошт.

Ба эътиқоди Андрей Водостой, яке аз дигар сабабҳои нигаронии Амрико ва бархе аз ҳамсояи аврупоии Русия аз қаробати маҳрамонаи Путин ва Шредер ин аст, ки дустии шахсии раҳбарони кишварҳои абарқудрат, чун дар солҳои сиюми асри бист, метавонад заминае барои тарҳрезии барномаҳои махфӣ бар зидди дигар давлатҳо гардад.

Аммо Бурӣ Карим, собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон дар охири солҳои ҳаштод бар он аст, ки равобити шахсии раҳбарони давлатҳо барои пешрафти кишварҳо зиёд мусоидат мекунад. Донишманд афзуд, аз ҷумла, агар байни раҳбари Тоҷикистон бо Путин дустии шахсӣ бошад, мушкилоти Тоҷикистон осонтар ҳал мешавад.

XS
SM
MD
LG