Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дӯсти Шумо чи касест?


Дуст касе нест, ки барои шумо ҷон фидо мекунад, касе ки ҷон фидо мекунад, албатта бемори равонӣ аст. Ва шумо низ бо бо ҷон фидо кардан барои касе наметавонед собит кунед, ки дустиро дар ҳадди камол нишон додаед, балки боистӣ зуд ба равонпизишк руй овард. Дусти вокеъӣ касест, ки чизе зиёд ба шумо намедиҳад, ва худ ҳам намегирад ва агар шумо хам дар бахшиш ифрот кунед, намепазирад. Дусти вокеъӣ дар ҳамаи анвоъи равобит бо шумо эътидолро риъоят мекунад, на зиёд аз шумо дур мешавад ва на зиёд наздик мешавад, ба гуиши мардуми, "бамавла" аст.

Бо арҷ,
Фаромарз

---------------------------------

Ба Иршод:
Инсони танҳо, дар дили хеш мегӯяд: "Наметавонам, касеро дар канори хеш тоб оварам." Аз он ҷиҳат бисёр дар худ хира мешавад, то ин ки дуият дар ӯ намуд меёбад ва худ ва ҳақиқаташ ҳамвора бо ҳам дар ситезанд. Он ҷост, ки ба дӯст эҳсоси ниёз мекунад.
Дӯст барои инсон саввумин касе ҳаст, ки монанди як камарбанди наҷот намегузорад, ки он ду ситезагар ба жарфноҳо дарафтанд. Жарфноҳои инсони хилватнишин бисёранд, аз ин рӯ ба дӯсти баландҳиммат ниёз аст. Итминон ба дигаре ба эътимоди нафс меанҷомад ва шавқи дӯст, оташи андеаши инсонро аз зери хокистар берун мекашад.

Ба Мӯҳсин бо забони худи Нитше: Касе ки орзуманди дӯстёбӣ аст бояд омода бошад, то бо ӯ ҳамовард шавад ва танҳо касе барои мубориза шоиста аст, ки битавонад душман бошад.

Ба Далер: Инсон бояд душманиро, ки дар дӯст аст, гиромӣ дорад, зеро вақте метавон ба дили дӯст наздик шавӣ, ки пой дар ҳарими ӯ бигзорӣ ва бо "ман"-и ӯ ба пайкор дароӣ.
Ту мехоҳӣ чунон ки ҳастӣ фароварии дӯст бар-оӣ ва ҳар чиро ки дар дарун нуҳуфта дорӣ, ошкор созӣ. Аммо дар шигифт мабош, он гоҳ ки бинӣ дӯст аз ту рӯй барметобад ва туро то дурдастҳо мебарад ва меафканад.
Касе ки расму роҳи созишеро намедонад, мардумро алайҳи худ мешӯронад. пас мабод, ки урён шавӣ, ту ки худо нестӣ! Ҷуз худоён дар баробари дигарон аз пӯшиш шарм доранд.

Рафиқо! Инсон чист ҷуз мавҷуже, ки бояд бар хеш чира гардад ва дӯст боядкашшоф ва хомӯш бошад.

Барои дӯсти хеш монанди ҳавои поку хилват ва нону дору бош. Зеро чи басо касоне ки натавонистанд, худро аз банд бираҳонанд ва аммо дар раҳонидани дӯстони хеш бас пуртавон буданд.

Аммо...

Зан дӯстиро насазад...Зан танҳо бо вожаи "ишқ" ошност.

Дилшод
---------------------------------------

Намехоҳам ба иззати нафси "дӯстонам" бирасам, зеро ман онҳоро бениҳоят "дӯст" медорам ва ба онҳо "боварии комил" дорам.
Аз ана ҳамин қадар гап фаҳмидан мумкин аст, ки калимаи "дӯст" дар ҳама давру замон абстракт аст.
Ростӣ, дӯсти ман танҳо Худованд буда метавонад, зеро ман ба худам чандон боварии комил надорам, ки ба дӯст... Афсӯс...
Дӯстони нониам хеле зиёд,
Душмани ҷонӣ надорам, во дарег!..


Соҳибёр
-------------------------------------

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
Дӯсти ман он касоне ҳастанд, ки сидқ Худо ва расули ӯро бовар ва ба гуфтани худованд ва ба пандҳои ҳазрати расул амал кунанд. Инҳо ҳама дӯсти мананд. Касе набошад хоҳ тоҷик, хоҳ рус, хоҳ дигар. Вақте инсон парҳезгор бошад, аз гуфти худованду расулаш набарояд, ҳеҷ вақт ба дӯсти худ хиёнат намекунад7
Руслан.

_______________________
Салом!
Суоли бисёр олие пешкаш кардед. Барои ман дӯсти беҳтарин китоб аст, аммо афсӯс, ки китоб намегузорад то афкори худ иброз кунам ва бо ҳам баҳсҳо ороем. Китоб фақат гуфтан дораду шунидан не.
Аммо афсӯс, ки дӯсти воқеие надорам. Орзу дорам дӯсте пайдо кунам, ки маърифату фарҳангаш аз ман болотар бошад.
Фаррухаи Фурӯзонфар
________________________

Салом ба ҳама ширкаткунандагони "Майдони баҳс"!
Бале, савол хело бамаврид ва баҳсталаб аст. Дӯстиро чӣ бузургони аҳли қалам ва чӣ аҳли дин сифатҳои гуногун кардаанд.
Дар дини бузурги Ислом дӯстӣ ё бародарӣ карданро як ҷузъи имон мешуморанд, чунончӣ Паёмбари бузургвор ҳазрати Муҳамммад салаллоҳи алайҳи вассалам мегӯяд: "Мӯъмин бародари мӯъмин аст". Бо ин гуфтанӣ ҳастам, ки ҳар бародари мӯъмин, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад, дӯсти наздики ман аст.
Т.Камолзода
_________________________

Салом!
Агар хулоса карда гӯем, дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст! Албатта, пайдо кардани дӯст аз навъи Шайх Саъдӣ дар ҷаҳони имрӯза қариб ки муҳол аст.
Умедворам, барои ҳамдигар дӯстони хубе бошед!
Дӯсти шумо Алӣ
_________________________

Ассалому алейкум.
Аслан дар зиндагӣ бе дӯсти ҷонӣ мушкил аст. Аммо на ҳар шахс метавонад дӯсти ҷонӣ бошад ва ё дӯсти ҷонӣ пайдо намояд. Ҳар нафаре, ки дар хурсандии ман хурсанд аст ва дар ғами ман ғамгин, ДӮСТИ ман аст. Ва аслан ҳар касе дар рӯзи тангдастӣ кӯмаки моддӣ ва ё маънавӣ мекунад ӯ низ Дӯстаст. Аз ҷумлаи чунин дӯстон метавон устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳиддини Кабирӣ бошанд. Аллоҳ таъоло онҳоро ҳифз кунад.
Рафикон се буванд гар бидонӣ
Забониву нониву ҷонӣ.
Ба нонӣ нон бидеҳ аз дар биронаш,
Сухангӯӣ кун бо ёрони забонӣ.
Валекин ёри ҷониро нигаҳ дор,
Ба ҷонӣ ҷон бидеҳ гар метавонӣ.
Бо эҳтиром,
Дӯсти ЧОНИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК,
ЗИЁУЛҲАҚ АБДУЛЛОЗОДА
--------------------------------------

Аввал салому алайкум ба ҳамаи ширкаткунандагони баҳс.
Ман фикр мекунам, дӯст он касе буда метавонад, ки бо дӯсти худ дар ҳамаи пастиву баландиҳо ҳамроҳ бошад, яъне дар мусибатҳо ва хушиҳо аз дӯсти худ наканад.
Аммо аз дӯсти худам: Ман фикр мекунам, то ҳол дӯстонам бо ман дар ҳамаи мушиклиҳову ғарибиҳо бо ман мӯнис будаанд.
М.Иқбол
---------------------------------------
Салом.
Хеле саволи хуб. Ба ин савол мехоҳам бо гуфтахои шайх Саъдӣ посух гӯям,ки гуфта буд:

Дӯстон се навъанд ар бидонӣ,
Забониянду нониянду ҷонӣ


Аммо банда ба ҷуз дӯстони забонӣ то ҳол дигар дӯсте надорад
Мӯъмин
---------------------------------------

Дуруд ба паҳлавонон дар майдони набарди баҳс!!!

Дар ин робита бояд бигӯям ки беҳтарин дӯсти ман қаблан модар аст, ки воқеан ҳам метавонад дӯсти ҷонӣ бошад, тамом!
Ва як нуктаи дигар ин, ки барои ман дӯсти ҷонӣ (албатта ғоибона) устод Лоиқ буд, ки бо фалсафаи ашъораш аз чандин банди зиндагӣ метавон раҳоӣ ёфт.
Охирон дӯсти ғоиби ман ин сарояндаи эрони Муини дилҳо мебошад ки бо таъсири сурудаҳои дилтасхиркунандааш тавонистаам дӯсти ҳаётӣ ва ҳамсари ояндаи зиндагиамро пайдо кунам (албатта воқеан ва самимона ).
Ин дӯстони ҷонии ман ҳардуяш ҳам дар бораи эътикоди комили ман иттилоъ надоштаанд (Устод Лоиқ намеояд дигар!!! Аммо умед аст ки тавассути майдони баҳси Озодӣ сарояндаи шаҳири эронӣ Муини ошиқон аз эътиқоди устувори банда огоҳӣ меёбад ва риштаи дӯстии мо мустаҳкам мегардад).
Бо умеди мустаҳкамии робитаи дӯстии ҳамаи дӯстони содиқ,

Фурӯтани Фаррухзод , Тоҷикистон, Душанбе
---------------------------------------

Чаро Шумо якбора чунин мавзӯъро интихоб кардед? Баъди баҳси "масъалаи дин" интихоби чунин мавзӯъ барои шахсан ман рамзист. Яъне ман аз таҷрибаи худ дарк кардаам, ки дӯсти ҷонии ман факат он касе буда метавонад, ки бо ман ҳамдин аст ва ё ҳадди акал ба муқаддасоти ман эҳтироме қоил аст...

Далер
--------------------------------------

Дӯст?.. Фикр мекунам нафаре, ки унвони дӯстро соҳиб шуд, бояд воқеъан ҳам дӯст бошад. Мӯҳсин хуб гуфтанд, дар замони мо дӯст доштан хеле мушкил аст. Чаро? Шояд барои он, ки мо ба ҳамдигар боварӣ надорем. Наход миллати азизи ман, ки дар ҳазорсолаҳои гузашта бо дӯстдорӣ ва меҳрубонии хеш аз қавмҳои дигар фарқ мекард, имрӯз ба бародари худ бовар надошта бошад? "Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир, Расми хуби тоҷиконро гум макун". Оё ин гуфтаҳои Турсунзода мисоли рушане нест, ки мо дар гузаштаи начандон дур бо ин меҳру сидқ мефахридем. Дӯст онест, ки мисли нафси хеш дӯстат медорад. Пазмон мешавад ва ҳар дарди ту барояш дард аст.
Умед аз Маскав
------------------------------------

Бисёр саволҳои хубро ба майдони баҳс мегузоред! Гуфта бошам, ки ман дӯстони зиёд дорам, вале дӯсти воқеии худ Неъматулло Акбаров ва Абӯбакр Маликовро медонам, зеро эшон маро дар ҳар ҷиҳат фаҳмида, дастгириам мекунанд. Бошад, ки ҳама дӯстон пайрави чунин рафтор гарданд.
Гар мастаму гар ҳушёр, эй дӯст ту бо ман бош...
Ҷонфидо
-------------------------------------

Беҳтарин дӯсти ман ин худи манам ё касе бароям аз МАН дӯсттар аст?
Иршоди Сулаймонӣ
-----------------------------------
Ин суол як сухани Нитcшеро ба ёд меорад, ки дӯст касест, битавонад, дар назди дӯсти худ бараҳна зуҳур кунад. Ин ҷо мазмун рамзист. Яъне дӯст бояд аз дӯсти худ сирри ниҳоне надошта бошад. Аммо дар замони мо чунин дӯст доштан хеле мушкил аст ва ман рафиқҳо дорам, шарикҳо низ, аммо дӯст на. Шояд замоне пайдо кунам.
Мӯҳсин
XS
SM
MD
LG