Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъули баландпояи амрикойӣ дар Туркманистон


Як масъули баландпояи вазорати умури хориҷаи Амрико дар масоили энержии минтақаи Авроосиё барои анҷоми як сафари панҷрӯза вориди Ашқобод, пойтахти Туркманистон шуд. Дар меҳвари гуфтугӯҳои Ситвен Манн бо мақомоти туркман масоили марбут ба содироти нафт ва газ қарор мегирад. Вай аллакай бо раиси ҷумҳурӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дидору мулоқоте анҷом дод. Тӯли чанд моҳи охир ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо чандин ҳайати худро ба Ашқобод фиристоданд, то мувофиқати Туркманистонро барои ширкат дар пружаи сохтмони лӯлаи гази пайвасткунандаи дарёи Хазар бо Аврупо дарёфт кунанд. Дар сурати сохта шуданаш ин лӯлаи газ Русияву Эронро канор хоҳад гузошт. Оқои Манн моҳия январи имсол ҳам аз Ашқобод дидан кардааст.
XS
SM
MD
LG