Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Узбакистон ба кӯдакони тоҷик


Кӯдакони нобинои парваришгоҳи Душанбе дар 28 феврали соли 2008.
Кӯдакони нобинои парваришгоҳи Душанбе дар 28 феврали соли 2008.

Кӯдакони нобинои Душанбе аз ғизои рӯзона маҳруманд ва ҳукумати Тоҷикистон ба як кудаки ин парваришгоҳ рӯзе ҳамагӣ 90 дирам харҷ мекунад.

Ғоиб Шоев, мудири ин парваришгоҳ мегӯяд, бинобар камбуди барқ, аксари утоқҳои парваришгоҳи мазкур сарду тор монда, онҳо имкони омода кардани ғизои рузонаи кӯдакони нобиноро надоранд. Ба қавли оқои Шоев, кӯдакони ин парваришгоҳ ҳамакнун то нисфирӯзӣ дар утоқҳое, ки аз нури офтоб рушан мешаванд, ҷамъ меоянд ва баъд боз ба хонаҳои наздиконашон фиристода мешаванд. Оқои Шоев афзуд, як моҳ қабл ба ҳукумати ноҳияи Сино ва идораи ширкати Барқи тоҷик, ҷиҳати бо барқ таъмин намудани парваришгоҳ муроҷиат карданд, вале онҳо дар посух гуфтанд, то ҷашни Наврӯз ба онҳо барқ интиқол дода наметавонанд.

Акбар Каримов, як кудаки нобинои парваришгоҳи мазкур мегӯяд, бо сабаби адами барқ ва сардӣ ҳамсабақонаш аз дарсҳои худ маҳрум шуда, 30 нафари онҳо бемор шудаанд ва дарсҳои онҳо ба таъхир афтодааст.

Роҳила Шарифова, як масъули ин парваришгоҳ мегӯяд, аз тариқи

телевизиону радио мешунаванд, ки чандин кишварҳо ба мардуми Тоҷикистон, кӯмакҳои зиёд расонидаанд, вале мақомот то кунун ба кӯдакони ин парваришгоҳ, ки ба ин гуна кӯмакҳо аз ҳама беш ниёз доранд, ҳеҷ чиз надодаанд. Хонум Шарифова афзуд, дар ин сардиҳо танҳо сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон ба онҳо дар ҳаҷми 120 доллари амрикоӣ маводи ғизоӣ ва гарм кӯмак кардааст. «Мо минатдорем,ки дар ин сардиҳо сафорати Узбакистон 2 халта орд, 50 кило биринҷ, як чанд пачка чою 20 дона сачоқу чанд курпаи гарм ба мо тақдим кард»

Масъулини ин парваришгоҳ мегӯянд, агар ҳукумат ва созмонҳои байналхалқӣ ба онҳо таваҷӯҳ накунанд, вазъи зиндагии кудакони нобино боз ҳам бадтар хоҳад шуд, ва мураббияҳои ин парваришгоҳ аз мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ тақозо доранд, ки онҳоро бо дастгоҳи тавлиди барқ ва ғизо таъмин кунанд.

XS
SM
MD
LG