Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моделҳои нобинои ҳиндӣ


Онҳо мегӯянд, ки ҳадаф аз баргузории чунин як ҷашн рафъ кардани ҳар гуна қолабҳои ғайри қобили қабул нисбати афроди маъюб мебошад. Ин намоиши муд дар канори Аҳмадобод, маркази вилояти Гуҷорат бо ширкати 30 зани нобино баргузор шуд. Онҳо сару либоси зебои миллии ҳиндиро ба намоиш гузоштанд. Як духтари 23-солае бо исми Экта, ки дар ин намоишгоҳ иштирок кард, гуфт, ҳарчанд бо чашми сар он чиро ки ба тан кардааст, дида наметавонад, аммо аз ширкат дар ин маърака хеле хушҳол аст. Хонум Экта афзуд, ки ҳамеша роҷеъ ба баргузории чунин ҷашнҳо аз телевизиону радио шунидааст, аммо, тавре мегӯяд, ҳеҷ гоҳ тасаввур накардааст, ки худ метавонад ба як ширкатдори чунин намоишгоҳ табдил ёбад. Хабарнигори Ройтерс, ки имкони тамошои ин ҷашни мудро доштааст, мегӯяд, ин хонуми нобино сарии зангори тангадорро ба бар карда буд. Ташкилкунанадҳои намоиши муд мегӯянд, ки ҳадафи онҳо ҷалб кардани таваҷҷӯҳи бахши маъюби ҷомеаи кишвар мебошад, ки дар саросари Ҳинд шуморашон ба беш аз 22 миллион нафар мерасад. Мухто Доғлӣ, як масъули созмони хайрияи нобиноён ва ташкилкунандаи аслии ин ҷашн мегӯяд, ки маъюбон дар Ҳинд аз фаъолиятҳои дигар бахши ҷомеа дар канор мондаанд, ба онҳо корҳои дилгиркунандаи сиёҳ супурда мешавад, ва дар натиҷа, онҳоро дар инзоиво қарор медиҳад. Оқои Доғлӣ гуфт, ки мехоҳад афроди нобиноро аз ҳаёти тангу торе, ки доранд, бираҳонад. Тавре хабарнигори Ройтерс менависад, ҷавонзанҳои ширкатдори ҷашни муд дар ин маърака аз рангу бори вижаи худ истифода намуда сару либоси худро ҳам мустақилона ба бар кардаанд. Инчунин ҳар яки онҳо як ҳафта қабл аз баргузории ҷашн тамрини роҳгардӣ ва таъзимро гузаштанд. "Мо ҷавон ва зебо ҳастем ва барои мубориза бо торикии зиндагии рӯзмаррамон бояд ба худ эътимоди бештар дошта бошем", - гуфт дар ниҳояти ин ҷашн Швета Котари, як модели нобинои 25 сола.
XS
SM
MD
LG