Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи макотиби нобиноён ва имконоти омӯзишии онҳо


Зарангези Наврӯзшо Далер Салимови 16 сола, муҳассили соли сеюми мактаби махсуси нобиноён пойтахт аст,ки бо ҳуруфи брайлӣ китоби ба тозагӣ аз нашр баромадаи забони модариро мутолиа менамояд. Далер имрӯз шод аст,чун ӯ ва дигар ҳамсинфони аз қувваи босира маҳрумаш на шифоҳӣ ва бо мушкили зиёд дарсро аз худ мекунанд, балки бо китобҳои нави махсуси дарсӣ, ки истифодаи онҳо осонтар аст.

Ҷамъияти ҷумҳуриявии нобиноён бо мусоидаи сафорати Ҷопон барои мактабҳои махсуси нобиноёни Тоҷикистон чопи китобҳои фанниро бо усули брайлӣ шурӯъ кардааст.

То имрӯз 5 номгӯи китобҳои дарсӣ ба мисли хониш, математика, забони модарӣ ва таърих ба дасти хонандагон расида ва ҷамъият нақша дорад тамоми хонандагони аъзои босираашон заъифи Тоҷикистонро бо дигар китобҳои дарсиву бадейӣ ҳам таъмин намояд.

Ба гуфтаи Турбек Давлатов раиси Ҷамъияти ҷумҳуриявии нобиноён мактабҳои махсуси нобиноёни Тоҷикистон то имрӯз аз рӯи китобҳои брайлии замони шуравӣ дарс мегиранд, ки барномаи онҳо ба шароити имрӯза умуман мувофиқ набуда ва хонандагон ҳам бисёр мушкилӣ мекашиданд.

Китобҳои нави махсуси нобиноён, ки бо ҳуруфи брайлӣ нашр мешаванд аз рӯи барнома аз китобҳои дигар хонандагони солим фарқ надоранд, вале ҳаҷми онҳо қариб 2 баробар аз китобҳои оддӣ калон аст ва онҳо аз коғази ғафс, яъне картон дар матбаъи махсус нобиноён, ки дар дохили бинои Ҷамъияти нобиноён воқеъ аст омода мешавад. Таҷҳизоти ин матбаъа ва он ҳам як мошинаи чопӣ баъд аз 15 сол дубора тармим шуда акнун ба кор даромадааст.

Холмаҳмад Тенгниев раиси ташкилоти минтақавии нобиноёни шаҳри Душанбе мегӯяд, агар ба мисли дигар кишварҳои пешрафта матбаъа бо компютер ва дастгоҳи чопии махсуси замонавии брайлӣ таъмин мебуд, барои нашри китобҳо ҳам маҳсулот ва ҳам вақти кам сарф мешуд. Аммо ба гуфтаи оғои Тенгниев, набуди китоб ягона мушкили нобиноён нест, аксари онҳо ҳамчунин аз оддитарин асбобҳои дигари дарсӣ ба мисли қаламҳои махсус ва асо маҳруманд:

«Давраи шӯравӣ нобиноён ҳатто приборҳо барои нақшакаши доштанд, имрӯз афсус ин чизҳо нестанд, ин маънои онро доранд, ки сатҳи маърифатноки зарирони даврони шӯравӣ аз имрӯза фарқи калон дорад, сатҳи маънавиёти зарирони имрӯза нисбатан сусттар аст, чунки онҳо бо шароити зарӯрӣ таъмин нестанд.»

Ҳамчунин китобхонаи гӯё ва ё студияи ин ҷамъият, ки соле қабл таъсис ёфта буд, барои тамоми нобиноён,китобҳои бадеиву афсона ва дарсиро дар шакли аудиоӣ сабт кардаанд.

Чунин фиттаву дискҳо аллакай дар бархе аз мактабҳо паҳн карда шуда, ҷамъият нақша дорад барои дигар хоҳишмандон чунин фиттаҳоро дар фурӯшгоҳҳо ҳам ба роҳ монанд.

Ба гуфтаи масъулин барои кӯдакону наврасони нобино,ки ба фарқ аз ҳамсолони солимашон тамошои телевизиону барномаҳои рангоранг маҳруманд, қиссаи чунин афсонаҳо бисёр ҷолиб аст.

Дар ҳоли ҳозир бо китобу фиттаҳои махсуси нобиноён танҳо он наврасону ҷавононе таъминанд, ки ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, вале тибқи иттилоъи масъулин ҳудуди 70 дар сади кӯдакону наврасони маҳрум аз қувваи босира аз таҳсил дуранд ва дар шароити хонаводагӣ аз таълиму тарбия дур мондаанд.
XS
SM
MD
LG