Порлумони Аврупо аз тарҳи нави Қонун доир ба иттиҳодияҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон, ва имтиҳон кардани рӯҳониёни кишвар ибрози нигаронӣ кардааст.
Дар қатъномаи порлумони Аврупо гуфта мешавад, тарҳи нав мухолиф ба баъзе аз меъёрҳои Қонуни Асосии худи Тоҷикистон ва қавонини байналмилалӣ аст.
Ҳамзамон бо ин Порлумони Аврупо аз давлати Тоҷикистон хостааст, ба озодиҳои эътиқод ва ҳузури аққалиятҳои мазҳабӣ дар кишвар эҳтиром гузорад.
Вакилони мардумӣ ҳамзамон аз Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, ҷиҳати мусоидат ба ислоҳоти сиёсӣ, беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон ва иқтисоди Тоҷикистон ба ин кишвар кӯмак кунад.