Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) мегӯянд, ба ваҷҳи умум интихоботи президентии Арманистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ барпо шуд. Дар айни замон нозирон ишора кардаанд, ки барои рафъи баъзе нигарониҳо низоми интихоботии ин ҷумҳурӣ ба беҳбуд ниёз дорад.
Хонум Анне Мария Лизин ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирони САҲА дар шаҳри Ереван гуфт, зарур аст, ки фарқи возеҳ миёни фаъолияти ҳизбҳову давлат гузошта шавад ва довталабҳо бо муомилаи ҳамсон мувоҷеҳ бошанд.
Комиссияи марказии интихоботи Арманистон баъди ҳисоби тамоми овозҳо изҳор намуд, ки дар интихоботи рӯзи сешанбеи 19-уми феврал сарвазири кунунии Арманистон Серж Саркисян бо 52,9% раъйҳо пирӯзӣ ба даст овард. Рақиби асосии ӯ собиқ президенти Арманистон Левон Тер-Петросян 21,5% овозҳоро касб намуд.
Мухолифин мегӯянд, интихобот саршор аз тақаллуб буд. Дирӯз ба нишони эътироз ҳазорҳо пайрави мухолифин дар маркази Ереван ҷамъ шуданд.