Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози донишҷӯёни мисрӣ аз карикатураҳои пайғамбар


Имрӯз ҳудудан чаҳор ҳазор донишҷӯёни мисрӣ ба нишони эътироз аз чопи дубораи карикатураҳои Муҳаммад Пайғамбар дар нашрияҳои Дания раҳпаймоӣ карданд. Муҳассилони яке аз донишгоҳҳои ҷануби Миср ба таҳрими моли даниягӣ даъват намуданд. Ҳафтаи гузашта 17 нашрияи даниягӣ барои бори дуюм карикатураҳои ҷанҷолбарангезро ба нашр расониданд, ки нахуст соли 2005 ба чоп расида боиси эътирозҳои шадиди ҷомеаи исломӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG