Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алмосбек Отамбоевро дубора боздошт кардаанд


Алмосбек Отамбоев, президенти собиқи Қирғизистон
Алмосбек Отамбоев, президенти собиқи Қирғизистон

Мақомоти амниятии Қирғизистон рӯзи 10-уми октябр гуфтанд, ки раиси ҷумҳури пешин Алмосбек Отамбоевро дубора дастгир кардаанд. Ӯ шаби 5 ба 6-уми октябр аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва аз ҷониби эътирозгарон озод шуда буд.

Он шаб сокинони норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми октябр дар Қирғизистон биноҳои маъмуриро ишғол карданд ва чанд чеҳраи шинохтаи зиндонӣ, аз ҷумла Сафар Исҳоқов ва Содир Ҷапаровро раҳо карданд.

Боздошти дигарбораи Отамбоев дар ҳоле сурат мегирад, ки бо фармони президент Сооронбой Ҷээнбеков дар Бишкек вазъи фавқулода эълон шудааст. Инчунин, вакилони порлумони Қирғизистон ҷамъ омадаанд, то сарнавишти ҳукумати навро таъин кунанд.

Пас аз раҳоӣ, Отамбоев аз Ҷээнбеков, президенти кунунӣ даъват кард, ки истеъфо диҳад. Аммо Ҷээнбеков гуфт, ки пас аз таъини кобинаи нав истеъфо медиҳад.

9-уми октябр тарафдорони Отамбоев бо гурӯҳи сиёсатмадори рақибаш Тилек Токтоғозиев, ки довталаби мақоми муовини сарвазир аст, даргир шуданд. Дар ин занозанӣ панҷ нафар, аз ҷумла Токтоғозиев маҷрӯҳ шуд.

Дар як изҳорот рӯзи 10 октябр Кумитаи амнияти давлатӣ гуфтааст, ки Отамбоев ва ду ёрдамчиаш бо иттиҳоми барангехтани нооромиҳои оммавӣ боздошт шудаанд. Аммо тафсилоти бештар нашр нашудааст ва маълум нест, ки ӯ дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад.

Алмосбек Отамбоев аз соли 2011 то 2017 раиси ҷумҳури Қирғизистон буд. Вайро соли 2019 дастгир ва моҳи июни имсол дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Азиз Ботукаев 11 солу 2 моҳ зиндонӣ ва аз мукофотҳои давлатии "Данакер", "Манас" дараҷаи II ва медали "Данк" маҳрум карданд.

Ҳоло дар Бишкек вазъи фавқулода эълон шудааст ва мошинҳои зиреҳпӯш дар кӯчаҳои шаҳр дар ҳаракатанд.

Дар 15 соли ахир бори сеюм аст, ки дар ин кишвари Осиёи Марказӣ нооромӣ рӯх медиҳад ва эътирозгарон ҳукуматро дигар мекунанд.

Ин бор, нооромиҳо дар ҳоле оғоз шуданд, ки ҳизбҳои мухолиф интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми ноябрро ношаффоф унвон карданд. Мухолифон гуфтанд, ки бештар ҳизбҳои тарафдори ҳукумати кунунӣ баранда эълон шудаанд.

Натиҷаҳои интихоботро аҳзоби сиёсии мухолиф қабул накарданд ва ба тазоҳурот баромаданд. Ҳазорон нафар сокинони норозӣ бо онҳо пайвастанд ва биноҳои ҳукуматиро ғасб карданд. Баъдан, мақомот эълон карданд, ки натиҷаҳои интихобот бекор шудааст.

Аксари мақомдорони баландпоя дар пайи эътирозҳо истеъфо доданд, вале барои раҳбарии ҳукумати муввақатӣ то ҳол дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ба мувофиқа нарасиданд.

XS
SM
MD
LG