Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди гирифторони COVID-19 аз 1100 нафар гузашт. Омори шифоёфтагонро ҳам нашр карданд. ВИДЕО


Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар кишвар 211 нафари дигарро бо аломатҳои бемории СОVID-19 сабт кардааст ва теъдоди гирифторон ба коронавируси нав то шоми 15-уми май ба 1118 нафар расидааст.

Вазорат айни замон гуфтааст, ки бештар аз 400 нафар шифо ёфтаанд ва ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Ҳарчанд маълум нест, ки онҳо шифо ёфтаанд ва ё бинобар сабук будани беморӣ барои идомаи муолиҷа ба хона ҷавоб шудаанд.

Талафот аз беморӣ дар шабонарӯзи гузашта зиёдтар шудааст. Ба гуфтаи вазорат, беморӣ дар саросари кишвар 4 нафарро куштааст ва дар умум шумораи фавтидагон ба 33 нафар расид. Мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба марги фарде дар ин ё он гӯшаи кишвар гузориш мерасад ва корбарон ҳам менависанд, ки он фард бар асари бемории илтиҳоби шуш ва ё "коронавирус" вафот кардааст.

Рӯзи 14-уми май ба дасти Радиои Озодӣ як видеое расид, ки нишон медиҳад, дар оромгоҳи маҳаллаи Навобод (Калинини собиқ) дар Душанбе даҳҳо гӯри нав пайдо шудааст. Дар ин видео на камтар аз 45 гӯрро метавон дид. Айни замон бояд гуфт, ки дар оромгоҳи мазкур даҳҳо ҳазор сокини пойтахти Тоҷикистон афроди фавтида аз хонаводаи худро дафн мекунанд.

На камтар аз 45 гӯри нав фақат дар як оромгоҳи Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:09 0:00

Айни замон озмоишҳо барои маълум кардани сирояти вирус фақат дар шаҳри Душанбе анҷом мешавад ва мутахассисон қодир будаанд, ҳадди аксар дар як рӯз аз 200 то 250 ташхис анҷом бидиҳанд. Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки вазъи густариши бемории COVID-19 ва маргумир аз ин беморӣ дар Тоҷикистонро арзёбӣ мекард, рӯзи 12-уми май гуфт, суръати густариши беморӣ нигаронкунанда аст.

Патрик О.Коннор, раҳбари ҳайат рӯзи 12-уми май ҳангоми нишасти хабарӣ, ки онлайн сурат гирифт, гуфт: “Тоҷикистон ба марҳилаи сирояти беморӣ дар дохили ҷомеа ворид шудааст. Мавридҳои собитшудаи СОVID-19 ҳангоми ҳузури мо дар кишвар зиёдтар шудаанд ва теъдоди беморон ҳар ду-се рӯз ду баробар зиёд мешавад. Биноан вазъ ташвишовар аст ва андешидани чораҳои заруриро талаб мекунад. “

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки ҳукумат ва вазорат тамоми чораҳоро барои пешгирӣ ва табобати CОVID-19 меандешад. Мақомоти Тоҷикистон то 30-юми апрел мегуфтанд, ки дар кишвар беморӣ ба касе сироят накардааст, ҳарчанд тақрибан ҳар рӯз доир ба афзоиши бемории “илтиҳоби шуш” ва маргу мир аз ин беморӣ гузориш мерасид. Бемории COVID-19 аломатҳои шабеҳи зукоми маъмулӣ ва ҳам “илтиҳоби шуш” дорад.

Баъди авҷ гирифтани гузоришҳо дар ин бора ҳукумати Тоҷикистон зери фишори ҷомеаи маданӣ маҷбур шуд, гурӯҳе аз мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро барои арзёбии вазъ ва баҳо додан ба тавоноии Тоҷикистон барои муқобила бо вируси нав ба кишвар даъват кунад.

Ҳайат баъди вуруд ба Тоҷикистон бо мақомоти баландпоя, аз ҷумла Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва раиси Ситоди пешгирӣ аз сирояти COVID-19 мулоқот дошт ва вазъи бемористонҳо, озмоишгоҳҳо ва хонаҳои пиронсолонро омӯхт.

Баъд аз интиқоди пайвастаи амалкардҳои ҳукумат дар пешгирӣ аз сирояти беморӣ, гузоришҳо доир ба пушти дар мондани беморон ва омода набудани шифохонаҳо барои қабули гирифторон, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо фармоне Насим Олимзода, вазири тандурустиро аз кор озод кард. Ҳарчанд дар фармон гуфта шудааст, ки сабаби аз кор озод кардани ӯ, “гузаштан ба кори дигар” будааст.

Ба ҷойи ӯ, Ҷамолиддин Абдуллозода профессор ва ҷарроҳи 54-соларо таъйин карданд, ки дар зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба дунё омада ва то расидан ба ин мақом мудири "Истиқлол" яке аз бузургтарин шифохонаҳои муосир дар Душанбе буд. Айни замон гузоришҳои зиёде мерасад, ки табибони тоҷик васоили муҳофизатии кофӣ аз беморӣ надоранд ва норасоии доруворӣ ба мушоҳида мерасад.

XS
SM
MD
LG