Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот гуфтанд, 6 каси дигар аз COVID-19 фавтид. Шумори гирифторон аз 900 гузашт


Нигаронӣ аз дафни фавтидагон зери чораҳои эҳтиётӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Ба иттилои расмӣ дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 6 нафар аз коронавируси нав фавтидаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, шумори умумии ҷонбохтагон аз бемории ҳамагир ба 29 нафар расид. Теъдоди гирифторон рӯзи 14-уми май аз 900 нафар бештар шуд.

Вале бархе аз сокинон ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд. Дар як феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет то ин дам номи беш аз 200 қурбонии бемории ҳамагирро гирд овардаанд. Ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ чандин нафар аз марги пайвандони худ аз ин беморӣ хабар медиҳанд.

Вазорати тандурустӣ мегӯянд, феълан қариб 4300 нафар дар шифохонаҳои саросари кишвар зери назорати пизишкон ҳастанд ва дар шабонарӯзи ахир 403 нафар аз муассисаҳои тандурустӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Вале дақиқ намегӯянд, ки ин афрод бо шубҳаи коронавирус бистарианд, илтиҳоби шуш ва ё бемории дигар.

Дар бораи нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавируси нав дар Тоҷикистон мақомот рӯзи 30-юми апрел хабар доданд. Ҳарчанд то эълони мақомот ҳам фавти чандин нафар баҳсҳои зиёдеро ба миён оварда буд. То он замон мақомоти Тоҷикистон афзоиши беморон дар шифохонаҳо ва марги пайиҳами чанде аз сокинон дар Душанбеву Хатлон ва Суғдро ба бемории илтиҳоби шуш ё пневмония рабт медоданд.

Бо ин вуҷуд то ҳол мақомоти Тоҷикистон ба суолҳои зиёд дар бораи сирояти коронавирус дар кишвар посух надодаанд. Аз ҷумла инки бемории COVID-19 чигуна танҳо рӯзи 30-юми апрел дар Тоҷикистон пайдо шуд, ки марзҳо ҳануз 20 рӯз қабл баста буданд. Инчунин ҳафтаҳои ахир шикоятҳои зиёде мерасанд, ки табибон либоси муҳофизатӣ надоранд ва камбуди доруву дармон дар беморхонаҳои кишвар зиёд аст. Мақомот на ҳамаи ин шикоятҳоро қабул доранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG