Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насрониҳо дар хона ибодат карданд. Навбати Рамазон ва мусулмонон мерасад


Рӯҳоние дар рӯзи таҷлили Иди Фусҳо дар Украина
Рӯҳоние дар рӯзи таҷлили Иди Фусҳо дар Украина

Густариши вируси нав дар ҷаҳон имсол насрониҳои православро низ маҷбур кард, Иди Покро дар хона таҷлил кунанд, чун гаштугузор дар бисёре аз кишварҳо маҳдуд аст.

Аз тарафи дигар наздик омадани Рамазон, ки намози дастаҷамъии таровиҳ як рукни аслии он аст, нигаронӣ аз суръат гирифтани густариши бемории КОВИД-19-ро афзоиш додааст. Моҳи Рамазон охири ҳафтаи оянда оғоз меёбад ва баъзе аз кишварҳои мусулмоннишин зери фишори афзояндаи рӯҳониён қарор гирифтаанд, ки намехоҳанд, масҷидҳо дар ин замон баста шаванд.

Дар Покистон, ки то рӯзи 19-уми апрел тақрибан 8000 нафар бемор шудаанд, баъзе аз рӯҳониён аз иҷрои дастур барои бастани масҷидҳо ва риояти фосилагирӣ аз ҳамдигар сарпечӣ кардаанд. Имрон Хон, нахуствазири Покистон, гуфтааст, тарафдори боз мондани масҷидҳо дар вақти Рамазон аст, вале ба муллоҳо ва мардум тавсия додаааст, ҳангоми ибодат фосилаи заруриро риоят кунанд.

Баъзе аз муллоҳои бонуфуз ҳамин тавсияро ҳам рад карда гуфтаанд, ки намоз ҳамонгуна ки буд, бо ҳузури мардуми зиёди ба ҳам часпида дар масҷидҳо хонда шавад. Покистонро ба он муттаҳам мекунанд, ки аввали моҳи март иҷоза дод, ки даҳҳо ҳазор нафар аз мубаллиғони динӣ дар як ҷо ҷамъ омада ва баъдан дар густариши вирус дар дигар кишварҳо мусоидат карданд.

Тоҷикистону Эрон гуфтанд, дар хона намоз бихонед

Дар Эрон, ки вируси нав ба он бештар аз ҳар кишвари дигари Ховари Миёна сироят кардааст, раҳбарии олии кишвар Оятулло Алии Хоманаӣ аз мардум хост, ки дар моҳи Рамазон дар хонаҳояшон ибодат кунанд. Рамазон рӯзи 23-уми апрел оғоз меёбад. Дар Эрон то кунун ба гуфтаи мақомот вируси корона ба 81 000 нафар сироят карда ва бештар аз 5 300 нафарро куштааст. Шӯрои уламои Тоҷикистон қарор кард, ки дар моҳи Рамазон баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад - таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо манъ карда шавад. Шӯрои уламо рӯзи 17-уми апрел гуфт гуфт, "ин шароит то замони беҳбуд ёфтани вазъияти вобаста ба коронавирус дар ҷаҳон идома хоҳад кард".

Теъдоди қурбониён аз беморӣ дар саросари ҷаҳон аз марзи 160 ҳазор нафар гузашт ва айни замон ҳукуматҳо саъй доранд, маҳдудиятҳои гаштугузорро, ки барои пешгирӣ аз густариши вирус эълон шуд, сабуктар кунанд. Аврупо аз ин беморӣ 100 ҳазор нафарро талаф додааст ва теъдоди қурбониён дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба 40 ҳазор нафар наздик мешавад. Омори беморӣ ва маргумирро Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Иёлоти Муттаҳида ҷамъ меорад. https://coronavirus.jhu.edu/map.html

Бино ба омори донишгоҳ коронавируси нав то кунун ба бештар аз 2 миллиону 300 ҳазор нафар сироят кардааст. Рӯзи 19-уми апрел миллионҳо нафар аз насрониҳои православ дар ҷаҳон Иди Покро дар хона таҷлил карданд ва ба ибодату ниёиши рӯҳониёнашон дар телевизион ва ё Интернет гӯш доданд. Дар Русияву Украина, мавъизаҳои рӯҳониёни Санкт Петербург ва Киевро аз шоми 18-уми апрел дар телевизионҳову интернет мустақим нашр карданд.

Хабарҳои умедворкунанда аз баъзе кишварҳо

Дар баъзе аз кишварҳо фосилагирии иҷтимоӣ ва дигар тадбирҳои зарурӣ имкон дод, ки суръати густариши беморӣ кунд шавад, аммо ин чораҳо аз қабили маҳдудияти гаштугузор ва манъи кори корхонаҳо зарбаи сахте ба иқтисоди ин кишварҳо зад. Сандуқи Байналмилалии Пул гуфт, имсол тавлидоти нохолиси дохилӣ дар ҷаҳон 3 дар сад кам мешавад.

Дар аёлати Ню Йорк дар Амрико, талафоту беморӣ дар он аз ҳар ҷойи дигари Амрико зиёд аст, рӯзи 18-уми апрел теъдоди қурбониён назар ба рӯзҳои дигар камтар будааст. Эндрю Куомо, раиси аёлат гуфт, ки коҳиши талафот асосан ба шарофати фосилагирии иҷтимоӣ будааст, аммо афзуд, ҳоло иёлат ба марҳилае нарасидааст, ки корхонаву мағозаҳоро боз ва маҳдудияти равуоро сабук кунад.

Дигар аёлатҳои Амрико барои сабук кардани маҳдудиятҳо ва иҷоза додан ба кор камар бастаанд, ҳарчанд мақомоти беҳдоштӣ ҳушдор додаанд, ки бардоштани барвақти маҳдудиятҳо мумкин аст, сабаби густариши бештари вирус шавад. Дар баъзе аёлатҳо мардум ба тазоҳурот баромада ва хостаанд, ки ба онҳо иҷоза бидиҳанд кору тиҷораташонро аз сар бигиранд. Дар Амрико даҳҳо миллион нафар бекор мондаанд ва иқтисоддонҳо мегӯянд, мумкин аст вазъи бекорӣ назар ба бӯҳрони фавқуллода бади соли 1930 бадтар шавад.

Фаронсаву Испониё ба барчидани шифохонаҳои сайёр шурӯъ кардаанд, Олмон гуфт, ки вирус “зери назорат” гирифта шуд ва ба лағви баъзе аз маҳдудиятҳо оғоз кард. Дар ин кишвар баъзе аз фурӯшгоҳҳо рӯзи 20-уми апрел боз мешаванд ва то чанд ҳафтаи оянда баъзе кӯдакон дигарбора ба мактаб мераванд.

XS
SM
MD
LG