Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон масҷидҳоро бастанд. Ифтору таровеҳ дар доираи оила иҷоза шуд. САДО, ВИДЕО


Яке аз масҷидҳои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Баргузории намозҳои панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳ аз 18-уми апрели имсол дар масҷидҳои Тоҷикистон манъ шуд.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон сабаби тасмимро пешгирӣ аз сирояти коронавирус номид ва гуфт, "ин шароит то замони беҳбуд ёфтани вазъияти вобаста ба коронавирус дар ҷаҳон идома хоҳад кард".

Бино ба қарори Шӯрои уламо, ки 17-уми апрел таҳти рақами 2 содир шуд, "дар моҳи Рамазон баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад - таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо манъ карда шавад".

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори шуъбаи фатвои Шӯрои уламо, 17-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинон метавонанд намозҳои панҷвақта ва таровеҳро дар хона бихонанд, аммо бо шумораи маҳдуди одамон.

"Ба хондани намози панҷвақта ва таровеҳ дар хона ягон монеа нест. Ҳар нафар метавонад, намози таровеҳро дар манзилаш бихонад ва ягон нуқсон ворид намешавад. Аммо фақат дар доираи хонадони худ, чунки сабаби қарор пешгирӣ аз ҷамъ шудани одамони зиёд дар якҷо аст. Дар масъалаи ифтор ҳам чунин аст. Дар доираи оила, ба таври маъмулӣ, ифтор кардан мушкил надорад, вале баргузор кардани маъракаи ифтор бо иштироки зиёди одамон мумкин нест",-афзуд ӯ.

Шарҳи қарори Шӯрои уламо дар бораи намозу ифтор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00
Линки мустақим

Дар оғози моҳи март низ намозгузории дастҷамъӣ дар масҷиду ҷамоатхонаҳои Тоҷикистон, ба истиснои намози ҷаноза, манъ карда шуда, баъди ду ҳафтаи "дезинфексия" ва поккорӣ дубора иҷозат дода шуд.

Гуруҳе онро ба хотири пешгирӣ аз вирус кори дуруст хонданд, аммо бархе аз сокинон аз он норозигӣ карданд, ки чаро чораҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус танҳо ба намозгузории сокинон рабт мегирад, аммо ба баргузории маъракаҳои сериздиҳоми давлатӣ не.

Ҳоло мақомот мегӯянд, маъракаҳои бахшида ба рӯзи пойтахти Тоҷикистонро, ки 18-уми апрел таҷлил мешавад, низ манъ кардаанд ва чораҳои пешгирӣ аз сирояти КОВИД-19 ба ҳама дахл дорад.

Дар Тоҷикистон масҷидҳоро бастанд. Ифтору таровеҳ дар доираи оила иҷоза шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳамчун намуна аз Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон, Покистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон ном бурдааст, ки "намозгузориро дар масҷидҳо манъ кардаанд".

"Зарурати муваққатан қатъи хондани намоз дар кишвари мо ҳам пеш омадааст", - гуфт Шӯрои уламо. ​

Ин ниҳоди содиркунандаи фатво ҳамчунин гуфтааст, сокиноне, ки имсол нияти ҳаҷ доштанд, бо сабаби пурра баста шудани “Масҷид-ул-Ҳарам” "пулҳоро аввал дар корҳои ободонии хонаву дари хеш, баъдан, барои амалҳои хайру савоб, ба монанди овардани об, кандани чоҳ, сохтани пул ва дигар корҳои хайриявии деҳаву маҳалли худ, ки ҳар кадом садақаи ҷория мебошад, сарф намоянд."

"Шахсони саховатманд метавонанд садақа ва закоти худро барои пешгирии бемории сироятии мазкур ба суратҳисоби хазинаи махсус гузаронанд", - таъкид шудааст дар қарори Шӯрои уламо.

Тоҷикистон бар иловаи он ки бо созмонҳои байналмилалии молӣ дар бораи дастрас кардани кумакҳо барои муқобила бо паёмадҳои коронавирус музокирот дорад, бо кушодани чанд ҳисоби бонкӣ аз соҳибкорону афроди алоҳида, бунёдҳои хайрия ва кишварҳои дӯст низ хостори ёриҳои башардӯстона шудааст.

Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ то ҳол ягон ҳолати сирояти сокинон ба коронавирус сабт нашудааст. Ҳарчанд марги чанд нафар дар Суғду Хатлон баҳсҳоеро дар ин замина ба миён овардааст.

Бо вуҷуди қатъи намозгузорӣ дар масҷидҳо то ҳол дар Тоҷикистон карантин эълон нашудааст ва муассисаву донишгоҳ ва мактабҳо пурра кор мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (40)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG