Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳофиз Қаландаров: Коронавирусро осон нагиред, ба ҳеч кас раҳм намекунад


Ҳофиз Қаландаров
Ҳофиз Қаландаров

Ҳофиз Қаландаров, блогер

Бемории ҳамагири КОВИД-19 аз чаҳор тараф дару девори моро мекӯбад. Маразе, ки ҳеч раҳму гузашт надорад, на ба ҳокиму гадо, на ба бою камбағал, на ба наслеву нажоде ва на халқеву давлате. "Бало"-е ки даҳҳо ҳазор ҷонро аллакай рабудааст ва миллионҳоро бе занҷиру посбон даруни хонаҳо зиндонӣ кардааст.

Пайомад ва таъсири онро дар кишварҳои бузург баробари "депрессия"-и солҳои 1929-32 ва ё Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ хондаанд. Ашхос ва кишварҳое, ки вазъро содда медиданд, "шаттааш"-ро хӯрданд ва ҳоло пушаймон ҳастанд.

Дар ибтидо, то он ки ин "бало" ба сарашон омад, аврупоиҳо ба ҳоли итолиёвиҳо, чун гӯё мардуми на он қадар покиза, писханд мезаданду дар як кишвари дигари иқтисодӣ ҳама осиёгиҳо, на фақат чиниҳоро, сабаби паҳншавии ин вируси нав меҳисобиданд.

Худое накарда дар баробари сирояти эҳтимолии коронавирус чунин муносибату ақидаҳо дар мардуми мо пайдо шаваду хатои гузаштаро такрор кунем.

Чунки, аллакай дар Интернет даъватҳои бастани ноҳияе ва ҳатто вилояте пайдо шудааст. Монанди ин талаби ба кишвар роҳ надодани шаҳрвандони дар хориҷ будаамон.

Албатта, бастани роҳу вуруд, дар зарурат раво бувад, монанди кишварҳои ба пуррагӣ карантиншуда, вале ба ҳеч ваҷҳ ин набояд боис ба таҳқиру маломат ва парҳезу маҳдудкуниҳои қавмиву маҳаллӣ гардад.

Ҳоло ҳамон захмҳои тафриқаандозиву маҳалгароии замони ҷанги шаҳрвандиамон ба пуррагӣ сиҳат нашудаанд.

Синдроми Шутурмурғ

Дар бораи коронавирус аз Интернет: ин вирус чунон хурд аст, ки ҳатто бо ҳар микроскоп дида намешавад - даҳҳо миллион вирус дар нӯги як сӯзан ҷо гирифта метавонад; дар як зарра оби даҳон ва ё бинии дорандаи вирус миллиардҳо нусхаи он мавҷуд аст; бинобар ин, одамон бояд аз якдигар фосила бигиранд; ниқоб Шуморо аз вирусҳои хурдакак ҳифз карда наметавонад, он пеши роҳи оби даҳону бинии шахси мубталоро мегирад!

Гурӯҳе аз мо, умуман проблемаи коронавирусро эътироф накарда, воҳимаву бозии кадом доираву давлатҳои калон мешуморанд. Вале магар Бил Гейтсу Алишер Усмонови "худамон", инчунин сарватмандони дигар аз пулҳои “ба ҷон баробар”-и худ маблағҳои калонеро барои мубориза бо ин “балои ногаҳонӣ” ҷудо накарда истодаанд? Як андеша кунем. Агар онҳо ин хел соддаву бефаҳм мебуданд, чӣ хел чунин бой мешуданд?

Президент Лукашенко, дӯсти мо ҳам, мегӯяд, аз коронавирус касе намурдааст; он фавтидагон аз илтиҳоби шушу дарди дил ва ҳоказо мурдаанд. Яке аз фаъолон ба ӯ эрод мегирад, ки мардуми киштии "Титаник" низ бо сабаби ба яхпора бархурдани киштӣ не, балки аз хунукии об, ғарқ шудан ва ғ. мурдаанд!

Бояд гуфт, аслан радду инкор ва қабул накардани ягон ҳолат ва ё ҳодисаи баду вахим як навъ инстинкти худмуҳофизакуние мебошад. Масалан, шутурмурғ ҳангоми дучор бо хатар сари худро зери рег карда, бо ин роҳ гӯё худро наҷот медодааст.

Ба назар чунин менамояд, ки аксар мардуми мо низ “таваккал ба Худо” гуфта, бебокона оддитарин ва соддатарин дастуру тавсиҳоро риоя намекунанд. Албатта, таваккал ба худову натарсидан аз хатар хуб аст, қисман тавсияи Синост, вале набояд фаромӯш кард, ки ҳифзи саломатӣ низ яке аз “фарзҳо” мебошад ва имрӯзҳо дар тамоми дунё масҷиду ибодатгоҳҳоро баста истодаанд.

Чораҳои соддаву саҳл

Дар фазои интернет имрӯзҳо “Мэм”-и машҳуре дар гардиш аст, ки мегӯяд: "Шояд бори аввал дар таърих имкон дорем ҳеч як коре накарда ва ҳатто аз хона берун набаромада, инсониятро наҷот бахшем - биёед ин рисолати бузургро ба анҷом расонем!”

Шустани дастҳо бо собун, фосилагирӣ аз якдигар, дурӣ аз ҳар гуна ҷамъомад, бе зарурат набаромадан аз хона. Соддатарин кор ва дар айни замон, қариб, ки ягона роҳ ҳастанд! Футболу кино, бузкашиву синамо ҳоло дар мо манъ нашудаанд, вале иштироку тамошои он ҳатмӣ ва маҷбурӣ нест. Худо ақлу хирадро ба мо барои ҳамин рӯзҳо додааст.

Кош, ин беморӣ ба мо нарасида аз байн мерафт, вале мумкин аст, ба сарзамини мо ҳам роҳ ёбад. Бо вуҷуди ин, мо бе ягон шубҳа, тамоми тавони мағлуб кардани онро дорем. Ва ин ҷо манзур на воситаву дастгоҳҳои тиббии пешқадам, ки норасоиашон ҳатто дар бузургтарин кишварҳо дида мешавад, балки омилу тавоноиҳои таърихиву фарҳангӣ, равонӣ ва умуман инсонӣ мебошад.

Чарлз Дарвин дар асари машҳураш дар бораи пайдоиши навъҳо як ҳақиқати сахтеро ифшо мекунад - танҳо қавитарҳо наҷот ёфта, зиндагиро идома медиҳанд.​

Санҷиш ва имконоти бузург

Имрӯзҳо барои мо рӯзи имтиҳон аст ва дар айни ҳол боз даврони шанс ё имкони бузурге барои исбот кардани онки воқеан ворису пайравони бузургони гузашта ҳастем. Тамаддуни Ориёӣ, Имоми Аъзам, Ибни Сино, Ҳаким Фирдавсӣ, Розиву Хоразмӣ, Умари Хаёму Улуғбек ва дигару дигарон. Магар мо ҳамагӣ даъвои ворисии ин бузургон ва ифтихор аз тамаддуну фарҳанги чандҳазорсола, аз ҷумла хислатҳои башардӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, парҳезгорӣ, эҳтироми калонсолон, пайравӣ аз насиҳату васияти онҳоро надорем?

Албатта, дорем, вале ҳарчанд тамоми дунё тамаддуну фарҳанги моро эътироф мекунад, гап байни худамон, мо баъзан камтар худкамбин ва аз инҷо каме дурӯярангу камсавод, андак беандеша ва заррае бемасъулияту танбал ҳастем. Масалан, мегӯем, ки ворисони Синои бузург ҳастем, вале микробро аз вирус фарқ карда наметавонем; системаи гардиши хунро, ки аҷдоди мо аввалин шуда кашф кардаанд ва ё кору аҳамияти дилу гурда барои ҷисми инсонро дуруст намедонем.

Беҳдошт ё худ гигиена чӣ? Бубинед: кадом як муаллифи аврупоӣ, номаш дар ёдам нест, масхараомез мегӯяд, агар ин мардум (шарқиҳоро дар назар дорад) одати дар паси хона қазои ҳоҷат карданро тарк кунанд, дар 5-10 сол шумораи аҳолиашон ду баробар афзоиш меёбад! Ин дар ҳолест, ки кашфи дастгоҳҳои безараркунандаи алкоҳолӣ, идеяи аввалин касалхона (дар як ҷо ҷамъ карда табобат кардани маризони зиёд), аввалин донишгоҳ (мадраса, ки дар як ҷо илмҳои гуногун омӯхта мешаванд) ва ғ. молу мероси аҷдодии мост.

Тақвими дақиқтарин, рақами “Сифр” (0), умуман истилоҳҳои “Алгебра” (“Ал-Ҷабр”) , “Химия” (Ал-Кимиё) ихтирои аҷдодони мост. Вале имрӯз баъзе мардуми мо диагонали таҳкурсии хонаи навашонро бе устои пулакӣ дуруст карда наметавонанд.

Худро муъмин, пайрави Имоми Аъзам, таҳаммулпазир, парҳезкор ва худотарс медонем, аммо исрофкориҳои зиёдро чӣ хел метавон фаҳмид? Исрофи обу барқро чӣ?

Имрӯзҳо, хушбахтона, қариб дар ҳамаи таҳоратхонаи масҷидҳои мо собунро дидан мумкин аст. Дар баъзеаш ҳатто дастпокуниҳои коғазӣ барои хушк кардани дасту рӯй гузоштаанд. Вале ба мо чӣ қадар хуш омад, вақте дар яке аз масҷидҳои Самарқанд барои ҳар як таҳораткунанда дутоӣ сачоқи пахтагӣ, яке барои дасту рӯй ва дигаре барои пойҳо пешниҳод карданд. Ройгон.

"Ҷип"-у "Ранҷровер”-ҳои назди масҷидҳои худамонро дида, беихтиёр фикр мекунӣ, ки ба қимати як чархи он якмоҳа хлору "салфетка"-ро барои масҷид харидан мумкин аст...

Саволҳои “супер”

Саволе шояд ба миён ояд, ки сарфаи обу барқ танзиму таълим ба мавзӯи коронавирус чӣ рабте дошта бошад? Саволи хеле хуб, ба қавли президент Трамп - “Супер!”, “Фантастикӣ!”

Кӯшиш мекунем ҷавоб диҳем.

Худи коронавирус балои азимест, вале худо хоҳаду зинда бошем, баъди гузаштан аз он боз зистан лозим меояд. Дар рӯзҳои пурташвиши бӯҳрони молии соли 2008 аз як хориҷӣ пурсидам, ки оқибати дунё чӣ мешуда бошад. Ӯ, ки профессори соҳаи менеҷмент буд, бо мисол ҷавоб дод: “Мо “фарбеҳҳо”-и Ғарб хеле хароб мешавем, вале хеле аз “лоғарҳо”-и дунёи сеюм шояд тамоман бимуранд!”.

Мо, лекин намурдем, ҳарчанд қурби пуламон қариб 100 дарсад поин фаромаду нархҳои воридот - хеле боло. “Шикастем, вале нарехтем!” Кишт кардем ва ниҳол шинондем. Ҳосили дубораву себора гирифтем. Аз худамон зиёд. Ва он зиёдҳоро ба хориҷ ҳам содир кардем.

Яъне, таҷрибаи ҳаёти сахтро дорем ва агар ҳамоно “якдилу иттифоқ” бошем, аз ин бало низ раҳо меёбем.

Қаҳтиву қиматӣ

Он рӯзҳои бӯҳрони гузашта яке аз пирони худамон мегуфт, сахтӣ ду хел мешавад - каҳтӣ ва қиматӣ; дар мо қаҳтӣ неву қиматӣ ба миён омадааст, - мегуфт ӯ.

Имрӯзҳо низ ба мо гӯё ҳамин пешомад таҳдид мекунад, аллакай нархҳои бозор боло рафта истодаанд ва бо эҳтимоли зиёд дар пеш моро ҳамоно қиматӣ интизор аст.

Ва як кори хайри дигари “дорандаҳо”-и мо ин якбора харид накардан барои анборҳои хонаву корхонаашон шуда метавонад, ки он сабаби боз ҳам боло рафтани нархҳо мегардад.

Ба ҳар ҳол бояд гуфт, илова ба ташкили ярмаркаву назорати савдо ба рӯйхати вариантҳо, ё чораҳои ҳукумат, дар ҳолатҳои фавқулода, боз “Коммунизми ҳарбӣ” ва “Продразвестка”-ро низ ворид кардан тамоман воқеӣ буда метавонад. (Солҳои аввали Инқилоби Октябр аз деҳқонон маҳсулотро барои шаҳрҳо ва барои артиш ба зӯрӣ мегирифтанд)​

Ҳурмати нону эҳтироми “калон”

Ба наздикӣ мақолаеро дар бораи ҳамсояҳоямон, ки бо онҳо дину фарҳанги қариб якхела дорем, хонда хеле мутаасир шудам: солҳои ҷанг фашистҳо, барои нишон додани гӯё “пастӣ” ва ваҳшисифат будани миллатҳои ғайр мехоҳанд дар як лагери маҳбусони ҳарбӣ, ба узбекҳои беҳолу гурусна якчанд пора нонро партоянду сипас кашмакаш ва барои ғизо якдигаркушии онҳоро ба навор гиранд.

Аммо, вақте ин корро карданӣ мешаванд, худ ҳама шарманда мегарданд. Мебинанд ки узбекҳо нони онҳо партофтаро аз замин гирифта бо эҳтиёт аз чангу хок тоза мекунанду ба яке аз калонсолҳои худ медиҳанд ва ҳама оромона атрофи ӯ давра мешинанд. Калонашон пораҳои нонро ба хурдтарин қисмҳо ҷудо карда, ба ҳама баробар тақсим мекунад...

Имрӯзҳо, ки дар тамоми дунё мардум атрофи роҳбаронашон муттаҳид шуда, онҳоро дастгирӣ мекунанд, дар мо ҳоло ҳам баъзе сабукфикрҳо ҳамон гапҳои хархашаомези мисли “ина ба вазифа таъин накуну фалонро аз вазифа озод кун”, “ҳамаро хӯрданду ба мо нарасид”-ро давом медиҳанд.

Гӯё фаромӯш кардаанд, ки дар анъанаи мо “калон ҳамеша андеша мекунад, ҳамеша ягон илоҷ меёбад” гуфтанӣ тавсияву дастурҳо мавҷуданд.

Дар боби таъини раису вазир бошад, русҳо мегӯянд, ки аспҳоро ҳангоми убури қисмати вазнини роҳ иваз намекунанд!​

Имтиҳон ва тайёрӣ ба имтиҳон

Ҳар имтиҳоне, тайёриву тамринро мехоҳад ва агар мо новобаста аз ба кадом самт рафтани вазъияти кунунӣ нерӯҳои фарҳангиву молии худро дуруст сафарбар кунем, аз ҳама санҷишҳои имрӯзу фардо бо сари баланд баромада метавонем!

Як рӯзи баҳор солро мехӯронад ва мо ҳам бояд дер накарда аз ҳамин рӯзҳо омодагӣ бигирем, ба фардои шояд хеле сахт. Долларҳо шояд то хеле вақт дигар ба кор наоянд - ҳама кишварҳо баста мебошанд. Аз ин рӯ беҳтар аст, ки 5-6 гусола харида, барои парвариш ба бародарзода ё хоҳарзодаи қишлоқӣ фиристем, ё ба ӯ барои кишту тухмихарӣ кумак расонем.

Зарфияту тавонҳои ниҳонӣ

Ҳарчанд худамон худро баъзан ҳақиру камарзиш эҳсос кунему дар корҳои дунявӣ беҳавсалагиву беҷуръатӣ, ба дараҷае бемасъулиятӣ нишон диҳем ҳам, медонем, ки ин ҳама чангу гард, зангу дуди таърихи мураккаби мо - истилову хиёнатҳо, фитнаву шӯрандозиҳои бегонагон ва то ба ҷое хоксории аз ҳад зиёдтари мо мебошад.

Вале ҳангоми эҳсоси хатар, вақте ки аз ҷой “ё ҳу!” гуфта рост шавем, дасти ҳам гирифтаву худро каме таконда дурахши асли тилоии хешро нишон диҳем, он гоҳ мебинед - ҳама Рустами дастон, Темурмаликҳои замон, авлоду ворисони Синову Хайём ва дигар аҷдодони бузурги гузашта мебошем.

Ин асолати моро аз мо касе гирифта наметавонад, ин таърих, ҳақиқати миллату мардуми мост!

Мо ҳеҷ вақт одобу анъанаҳои неки ҳамзистӣ, саховатмандӣ, дину тамаддун, ва некфитратии худро аз даст нахоҳем дод, на дар риояи меъёрҳои покизагӣ, на дар навбати орду ғизо, на дар бардоштани нарху наво ва на дар рӯзи сахтиву мусибат!

Мо аз он ки худамон мепиндорем арзишмандтар, қавитар ва беҳтар ҳастем!

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG