Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи нав оқибатҳои дигари коронавирусро маълум кард. ВИДЕО


Пизишке коронавируси навро таҳқиқ мекунад

Як таҳқиқи наве ошкор кардааст, ки подтанҳое, ки баъди сирояти коронавирус дар бадан ҳосил мешаванд, дер намепоянд ва ҳамингуна инсон дар баробари COVID-19 дигарбора осебпазир мемонад.

Подтан протеине дар таркиби хун аст, ки дар сурати вуруди ангезандаҳои бегона ба бадани инсон ба мисли вирус ё бактерия, ба зидди онҳо “ба ҷанг бархоста” ва нобуд мекунад.

Видеоро ин ҷо бубинед.

Таҳқиқи нав оқибатҳои дигари СОVID-19-ро маълум кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Донишмандони Коллеҷи салтанатии Лондон, ки баъди хуруҷи беморӣ дар моҳҳои марту апрел мизони подтанҳо дар бадани аҳолии Бритониёро таҳқиқ кардаанд, мегӯянд, подтанҳои онҳо дар тобистон бисёр кам шудаанд.

Граҳам Кук, профессори бемориҳои сироятӣ аз Коллеҷи Салтанатии Лондон мегӯяд, “дар ҷараёни се таҳқиқи подтанҳои гуруҳе аз мардум дар моҳи июл ва август мо маълум кардем, ки онҳо аз 6 дар сад то 4.8 ва 4.4 дар сад камтар шудаанд”.

Ӯ инчунин афзуд: “Ҳарчанд ин рақамҳо хурд ҳастанд, вале бо назардошти теъдоди одамони озмоишшуда, бо боварии комил метавонем бигӯем, ки тағйири воқеиро нишон медиҳанд. Дар умум ҳақиқат ин аст, ки бештар аз 90 дар сади мардум дар баробари беморӣ осебпазир ҳастанд”.

Хабари мазкур дар замонест, ки дар бисёре аз гӯшаҳои ҷаҳон сирояти коронавируси нав суръат гирифтааст, маҳдудиятҳои гаштугузор сахттар мешаванд ва зимистон ҳам наздиктар меояд. Ҳавои сард бад ин маъност, ки мардум бештар ва дар дохили хонаҳо муошират мекунанд ва хатари сироят ҳам боло меравад.

Таҳқиқи донишмандони Бритониёро ҳамкорони дигарашон ҳоло арзёбӣ накардаанд ва масуният аз коронавирус низ ҳануз таҳқиқношуда ва масъалаи печида мемонад. Айни замон пажуҳишгарон мегуянд, таҷрибаҳо бо коронавирусҳои пешина нишон медиҳад, ки масунияти бадан дар баробари онҳо дер давом намекунад.

Иммунитет ва ё масунияти бадани онҳое, ки баъди ташхис бемориашон маълум шудааст, дар муқоиса ба масунияти онҳое, ки аломатҳои бемориро надоштаанд, қавитар мондааст. Аммо мизони подтанҳое, ки кормандони тиббӣ ва табибон доштаанд, тағйир накардааст ва сабабаш ҳам шояд сирояти батакрори вирус бошад.

Айни натиҷаҳоро таҳқиқоти дигар аз ҷумла дар Олмон нишон додааст, ки бисёре аз мардум дар маҳаллаҳои бисёр осебдида аз вирус подтан ба зидди беморӣ надоштаанд ва сабабаш ҳам аз байн рафтани тадриҷии подтанҳо будааст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG