Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Remdesivir чист ва бо он метавон беморони COVID-19-ро муолиҷа кард?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ба зидди бемории COVID-19 ҳанӯз ваксина сохта нашудааст, аммо пажӯҳишҳо муайян кардаанд, ки доруи Remdesivir (Ремдесивир) барои муолиҷаи беморони вазнин мадад мекунад. "Ремдесивир" аз гурӯҳи доруҳои зиддивирусӣ аст, ки барои муолиҷаи бемориҳое ба монанди Эбола, Гепатит ва коронавирус, аз ҷумла MERS ва SARS истифода мешавад.

Оё "Ремдесивир" ба беморони COVID-19 даво мебахшад?

Санҷиши самаранокии "Ремдесивир" барои табобати COVID-19 ҳанӯз пурра ба анҷом нарасидааст. Вале далелҳое вуҷуд дорад, ки дору метавонад ба вижа барои бемороне, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд, кумак расонад.

Барои мисол, моҳи апрел Пажӯҳишгоҳи миллии тандурустии Амрико хабар дод, ки пас аз истифодаи "Ремдесивир" табобати беморон дар бемористонҳо дигар на 15, балки 11 рӯз идома мекунад.

Раёсати назорати сифати ғизо ва дорувории Амрико рӯзи якуми май истифодаи ин доруро барои табобати беморони хурду бузурги COVID-19 иҷоза дод.

"Ремдесивир" аз нахустин доруҳоест, ки Оҷонси Аврупо оид ба доруворӣ тавсия додааст, ки дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо истифодаи он барои табабати калонсолон ва кӯдакони аз 12-сола боло иҷоза дода шавад. Баъдтар, Кумисюни Аврупо ба истифодаи он иҷоза дод.

Арзиши "Ремдесивир" дар ҷаҳон

Тавлидкунандаи доруи мазкур ширкати Gilead эълон кард, ки нархи як ампулаи ин дору 390 доллар аст. Дар ин ширкат бовар доранд, барои аксар беморон истифодаи шаш ампулаи "Ремдесивир" кофӣ аст. Ва барои ин миқдор дору 2340 доллар харҷ хоҳад шуд.​

Чӣ тавр мешавад "Ремдесивир"-ро харид?

Мақомоти Амрико, кишваре, ки беш аз 3 миллиону 240 ҳазор кас ба коронавируси нав мубтало шуда, 134 ҳазор нафар фавтидааст, 500 ҳазор "Ремдесивир" ё тамоми захираи тавлидшудаи ин доруро, ки барои 3 моҳи оянда пешбинӣ шуда буд, харидааст.

Вале дар ширкати Gilead ваъда медиҳанд, ки то моҳи декабр барои ду миллион давраи табобат дору истеҳсол мекунанд ва агар зарурат шавад, то соли 2021 чанд миллиони дигар тавлид хоҳанд кард.

Дар хориҷ аз Амрико, дар баробари"Ремдесивир" ба доруҳои дигар умед мебанданд. Барои мисол, Русия доруи "Фавипиравир" бо номи тиҷоратии "Авифавир"-ро пешниҳод мекунад. Русҳо ин доруро дар асоси доруи ҷопонӣ истеҳсол кардаанд, ки гуфта мешавад барои муолиҷаи навъҳои сабуки коронавирус манфиатовар аст.

Президенти Русия ин доруро ба ҳукумти Беларус пешниҳод кард. Мақомоти Қазоқистон, эълон доштанд, ки омодаанд, "Ремдесивир"-и Амрико ва "Фавипиравир"-и Русияро бихаранд ва ҳамчунин истеҳсоли ин доруро дар дохили кишвар ба роҳ монанд.

Олимон таъкид мекунанд, ки давобахшии ин доруҳо барои бемории COVID-19 ҳанӯз пурра тасдиқ нашудааст. Барои баҳогузории дақиқи таъсирбахшии ин доруҳо, ба гуфтаи онҳо, бояд санҷиши фарогир анҷом шавад, ки моҳҳо ва ҳатто сол зарур аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG